Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Хизмат ба Ватан - хизмат ба Модар аст.

E-mail Чоп PDF


Дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки  масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, комиссариатҳои ҳарбии вилоят ва ноҳия  ҷараён дорад.

Дируз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки ҷавонон, масъулони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ҳудуди ноҳия мулоқоти навбатӣ сурат гирифт. Муовини Комиссари ҳарбии вилоят И. Бойниёзов  ҳангоми суханрониаш дар ин мулоқот иброз дошт, ки барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд.

Дар мулоқот ҳамчунин баромадкунгадагони дигар аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки  барои дифоъ аз марзу буми муқаддаси Ватан ҳамеша омода бошанд.

Қаблан чунин мулоқотҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳ.Усмонов, Унҷӣ ва Хистеварз баргузор гардиданд.

Қобили зикр аст, ки барои ҷалби ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои судмандро амалӣ месозад. Алҳол бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ноҳия наздик 35 нафар ҷавонони синни даъватӣ дар ташкилоти  мададгори мудофиаи вилоят ба омӯзиши касби ронандагӣ машғуланд. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешбурди ташвиқоту тарғибот алҳол зиёда аз 80 нафар ҷавонони ноҳия барои адо намудани хизмати ҳарбӣ худро ихтиёран номнавис кардаанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Ҷустуҷӯ