Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.



7 апрел дар ҳамаи муассисаҳои сохтори Шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии (ШКАТС) ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти шиори “Фарогирии аҳолӣ бо хизматрасонии тиббӣ”  рӯзи саломатӣ  гузаронида шуд.


Дар доираи  чорабинии мазкур  ҷиҳати пешгирӣ аз  беморӣ дар байни аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии ноҳия  аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода шуданд.

Хотиррасон менамое, ки бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ   дар саросари ҷаҳон ҳамасола 7 апрел    Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ таҷлил карда мешавад.

 

 

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Ҷустуҷӯ