Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Чоп PDF


8 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дода, дар ҷараёни он аз рафти корҳои саҳроӣ  дар ҷамоати деҳоти Зарзамин ва фаъолияти гармхонаҳо дар ноҳия шинос гардид.



Раиси вилоят сараввал ба гармхонаҳои Ассотсиатсияи илмӣ - истеҳсолии ба номи Раҳмон Набиев  таваҷҷуҳ намуд. Дар ин ҷо 24 гармхона мавҷуд буда, дар 20 адади он маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла бодиринг  парвариш карда мешавад. Дар ҳар як гармхона то 2200 бех ниҳоли бодиринг парвариш  ва аз ҳар бех то 5 кг ҳосил рӯёнида мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ таъкид кард, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ба таъкиди Раиси вилоят барои захира ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат» бо ғунҷоиши 500 тонна маҳсулот сардхонаи замонавӣ бунёд карда мешавад.

Баъдан  Раиси вилоят бо фаъолияти якчанд гармхонаҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев шинос гардид. Дар 31 гармхонаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба ном Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ва гулҳо парвариш меёбанд.

Дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 134 гармхона фаъолият мекунад. Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо фаъолияти як қатор гармхонаҳо дар суҳбат бо роҳбарияти ноҳия ва масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят аз фаъолият накардани бархе аз гармхонаҳо ва самаранок истифода нагардидани заминҳои атрофи гармхонаҳо изҳори нигаронӣ карда, баҳри рафъи мушкилоти мавҷуда масъулинро вазифадор намуд.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои саҳроӣ дар Ҷамоати деҳоти Зарзамин шинос гардид.

Ҷамоати деҳоти Зарзамин дорои 883 гектар замини корам мебошад ва дар ин заминҳои зархез асосан помидору бодиринг парвариш карда мешавад.

Дар ин рӯз ҳамзамон Раиси вилоят дар заминҳои  Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ба кишти пахта оғоз бахшид.

Хотиррасон менамое, ки соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони 8000 гектар пахта кишт карда мешавад, ки назар ба соли гузашта 800 гектар зиёд мебошад.

 

Хадамоти матбуоти

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Ҷустуҷӯ