Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

БИНОИ НАВИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ “АМОНАТБОНК” ДАР ҒОЗИЁН

E-mail Чоп PDF


Рӯзи шанбе, 5 май, дар ҷамоати деҳоти Ғозиён бинои нави маркази хизматрасонии бонкии №349 филиали №37 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ба истифода супоридани он Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода, муовини Раиси ноҳия Мастура Комилӣ, Сарвари филиали №23 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар вилояти Суғд Ҳокимшоҳ Бобозода, кормандони маҳаллии бонки мазкур ва намояндагони аҳли деҳоти ҷамоати Ғозиён иштирок намуданд.

Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода зимни суханронии худ сипосмандии Раёсати Бонкро ба тамоми соҳибкокрон ва саховатпешагони маҳаллӣ, ки дар сохтмони маркази хизматрасонии бонкии мазкур изҳор дошта, ҳиссаи арзандаи онҳоро дар татбиқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати пуштибонӣ ва иштироки соҳибкорон дар сохтмони марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар деҳоти дурдасти кишвар хоса таъкид намуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Ҷустуҷӯ