Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Табрикоти Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ ба муносибати 73-юмин солгарди Иди Ғалаба

E-mail Чоп PDF

 

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯзҳо мардуми ноҳия бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдат, ки таҳти сиёсати хирадмандона  ва сулҳҷуёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, фаъолияти софдилона зоҳир намуда, ҳадафи асосии худро дар ободониву шукуфоии кишвар, қавӣ гардонидани пояи сулҳи ҷовидона ва ҳалли муаммоҳои иқтисодиву иҷтимоӣ равона намуда истодаанд. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш, ки мутобиқ ба дастуру супоришоти Раиси вилоят муҳтарам  Раҷаббой Аҳмадзода «Ҳафтаи поси хотир» эълон гардидааст, пеш аз ҳама барои мардонагиву диловарӣ ва қаҳрамониҳои бемисл ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро бо 73-юмин солгарди Ғалабаи бузург табрику муборакбод менамоям.


Дар таърихи тӯлонии ҳаёти башарият руйдодҳое ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар мегарданд. Рӯзи Ғалаба бар фашизм, ки имруз дар миёни мардуми сулҳпарвар ва тараққихоҳи ҷаҳон бори 73-юм таҷлил мегардад, аз ҷумлаи ҳамин гуна руйдодҳои фаромушнопазир аст. Ин санаи таърихӣ дар қатори собиқадорони ҷанг ва одамони калонсол барои наслҳои имрӯза ҳам, гиромиву муқаддас аст, чунки он рамзи ватандҳстиву фидокорӣ ва шуҷоату матонати падарону бобоёни мост. Нӯҳуми май моҳиятан рӯзи шодиву нишот аст ва ҳамчун санаи ёдбуди шахсоне, ки барои халқу Ватан ҷони худро нисор кардаанд, ҳамасола таҷлил карда мешавад. Мо имрӯз ба хотираи тамоми қурбониёни ҷанг сари таъзим фуруд меорем. Ёди онҳо ба хайр ва руҳашон шод бод!

Бо изҳори арзи сипосмандӣ ба ҳамаи онҳое, ки баҳри фардои дурахшони Ватан ҷонбозиҳо кардаанд ва дар ин радиф ҳамаи шахсоне, ки барояшон ин санаи таърихӣ азизу мӯътабар аст, бори дигар кулли мардуми ноҳияро самимона табрик намуда, тансиҳативу хонаободӣ, осмони софу сулҳи ҷовидонаро таманно менамоям.

Орзу дорам, ки падарону бобоёни қаҳрамони мо ба бахти халқу миллати саодатмандамон ҳамеша саломату сарбаланд умр ба сар баранд ва давлати пирии бегазанд насибашон бошад!

 

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

Ҷустуҷӯ