Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон

E-mail Чоп PDF


Санаи 9 майи чорабинии адаби фарҳанги таҳти унвони «Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ноҳияи Лайлаки Ҷумьурии Қирғизистон» баргузор гардид.


Меҳмононро дар даромадгоҳи « Қайрағоҷ»-и ноҳияи Лайлак муовини аввали Раиси ноҳияи Лайлак А.Исоев ва намояндагони аҳли фарҳанги ноҳияи Лайлак бо гулу гулдаста ва нону ширинӣ пешвоз гирифтанд.

Баъди қабул меҳмонон ба марказӣ ноҳия шаҳри Исфана раҳсипор гардиданд.

Дар пояи муҷассамаи аскари номаълум ва муҷассамаи арбоби давлатӣ Исҳоқ Раззоқов  гулчамбар гузошта, ба 9 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар он ҷо умр ба сар мебаранд аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Баъдан  гуруҳи намояндагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба таҷлили ҷашни 73 солагии Иди Ғалаба да роҳпаймоии «Полки зинда» ширкат варзида.      Дар чорабинии мазкур, аз

Сипас, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Исфана ноҳияи Лайлак растаҳои маҳсулоти ҳунарҳои мардумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба намоиш гузошта шуда буданд.

Дар ин чорабинии идона намояндаи Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии  Қирғизистон, муовини Раиси  вилояти Боткент, Раиси ноҳияи Лайлак ва  инчунин зиёда аз 6 ҳазор нафар сокинони ноҳияи Лайлаки иштирок намуданд.

Дар охири чорабини аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи рангини консерти баргузор гардид.

Хотиррасон менамоем, ки дустии байни халқҳо аз давраҳои қадим ибтидо гирифта, дар тӯли 26 соли даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Ассосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон он густариш ёфтааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров





 

Ҷустуҷӯ