Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Изҳороти МТМУ № 6 ба номи Розия Озод нисбат ба амалҳои ифротгаронаи ТЭТ ҲНИТ

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.


Ҳайати омузгорон ва кормандони МТМУ № 6  амалиёти  ифротгаронаи ТЭТ   ҲНИТ-ро маҳкум менамоем. Ба ҳамагон мақсади асосии  ҲНИТ ниҳоят ошкор гардид, ки он аз даъватҳои оммавӣ ва барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, халалдор сохтани сиёсати ҷамъиятӣ ва амнияти давлат иборат аст.

Дар тамоми давлатҳои дунё ифроггарои барои инсоният як фоҷиаи мудҳишест, ки ин фоҷиа ҷомеаро ҳама вақт халалдор месозад. Дар ҷомеаи конунӣ дар дохили пайравони дини ислом ифротгаронии динӣ авҷ гирифта, пешгирии он мушкил гардида истодааст.


Аз тарафи ин хизби ҷиноӣ нодида гирифтани дастовардхои иқтисодию иҷтимоӣ  ва тахкими сулҳу ваҳдат дар кишвар, мо омузгорон изҳори таассуф менамоем. Воқеан, роҳи дар давоми 26 сол тайъкардаи мардуми кишвар тахти роҳбарии Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми таърихи миллати куҳанбунёдамон беназир аст. Дар тули ин солҳои тақдирсоз чӣ қадар заводу фабрикаҳо, корхонаву ташкилотҳои нав, мактабҳо, муассисаҳои фархангӣ бунёду таъмир гардидаанд.

ТЭТ  ҲНИТ ва пайравонаш хеҷ, гоҳ сулҳу ваҳдати моро, ки барои ҳар яки мо - аз кўдаки дар гавҳорабуда то пири барҷомонда чун гавҳараки  чашм азиз аст, халалдор карда наметавонад.

Имрўзҳо, дар асоси сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвари азизамон, мўҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ  рўз аз рўз вусъати тоза ёфта истодааст.

Бинобар ин мо фаъолияти худро баҳри тарбияи ҷавонон дар руҳияи масъулияти ватандорӣ, хушёриву зиракии сиёсӣ, донишомузиву азхудкунии технологияи муосир, пешгирии  қонунвайронкуниву ҷинояткорӣ, мубориза алайхи тақдидҳои ноҷо ба маданияти либоспўшии ба фархангӣ миллати мо бегона, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таъмини волоияти қонун, тарғиби фархангӣ пурғановати миллӣ, тарзи ҳаёти солим, рушди  варзиш ва оммавӣ гардонидани он, фаъолнокӣ дар хамаи ҷабҳаҳои  маъракаи бузурги бунёдкориву созандагӣ  ва ҷалби  теъдоди  харҷи  бештари ҷавонон ба раванди эҳёи ҳунарҳои мардумӣ равона менамоем.

Мо омўзгорон ва кормандони МТМУ № 6  ҷавобан ба бовариву эътимоди давлату ҳукумат ваъда медиҳем, ки баҳри ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, густариши сатҳи  худшиносиву худогоҳӣ  ва ватандустӣ дар ҷомеа пайваста кўшишу талош хоҳем кард!

Ҳаргиз намегузорем, ки душманони миллати соҳибтаъриху фарҳангсолори тоҷик ба мақсадҳои ғаразноки хеш бирасанд. Бо қатъиян изҳор менамоем, ки ҳеҷгоҳ  нақшаҳои нопоки   ТЭТ  ҲНИТ амалӣ намешавад !

Тоҷикистон терроризмро ба тамоми шаклу зуҳуроташ маҳкум менамояд. Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу вахдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба решаи душманони кишвар теша хоҳем зад. То ки дунёи маънавии насли навраси худро озода созем.

 

 

Омўзгори фанни забони русӣ

МТМУ№6 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Баротова Озодхон

 

 

Ҷустуҷӯ