Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Табрикоти Раиси ноҳия Зариф Назирӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила

E-mail Чоп PDF


Дӯстони азиз!

Оила пойдевор  ва асоси пешрафти ҷомеа ба хисоб меравад. Таҷлили Рӯзи байналхалқии оила ин рамзи эҳтиром ва эътибору таваҷҷӯҳ ба қисмати асосии ҷамъият,  яъне оила мебошад.

Фаро расидани  Рӯзи байналхалқии оиларо ман аз номи Раиси ноҳия мӯҳтарам Зариф Назирӣ ба ҳамаи мардуми ноҳия аз самими дил табрику муборакбод гуфта, барои  пойдории ҳамаи оилаҳо  пеш аз ҳама  сиҳату саломатӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям. Бигзор оилаи ҳар як мардуми кишвари азизамон ҳамеша тинҷу ором, мустаҳкам ва пояндаву комрон бошад.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша вобаста ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ва пойдории оила тавваҷҷӯҳи хоса доранд.

Раиси вилоят мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода  ҷиҳати бунёди оилаҳои мустаҳкаму намунавӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбар  намудани аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ, ки дар маҷмӯъ ба шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон мусоидат мекунад, ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Дар робита ба ин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як зумра амалҳои тарғиботии ҳаёти солим ба амал бароварда мешаванд, ки барои дар мисоли оилаҳои  намунавӣ тарбия кардани ҷавонон  аҳамияти калон дорад.  Ҳар  рӯз дар қаламрави ноҳия даҳҳо оилаҳои нав ташкил меёбанд. Аз ин рӯ, ҳамаи тадбирҳо ба он равона мегардад, ки оилаҳо аз рӯзҳои нахустин қавию устувор шаванд.

Оила таърихи пайдоиши худро дорад ва он дар асоси муносибатҳои хешутаборӣ пеш аз синфҳо ва давлат пайдо шудааст. Он рукни табиӣ ва асосии ҷамъият буда, аввалин мактаби рӯзгор ва ҷои асосии тарбия аст.

Оила дорои ыонуни мукаддас буда, он аз пайвандии зану шавҳар иборат ва бо пайдоишу таваллуди  фарзанд рангу ҷилваи ба худ хос пайдо мекунад.

Оилае, ки соҳибмаърифат асту соҳибҳунар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад.

Мо тоҷикон дар бобати бунёди оила ва устувории никоӣ дорои анъанаҳои хоси худ мебошем. Ҳамеша  ва дар ҳама ҳолат обрӯю эътибори оиларо муҳим мешуморем.

Бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар қаламрави ноҳия ҳазорҳо оилаҳои тифоқу намунавӣ ҳастанд, ки дар тарбияи фарзанд, ахлоқи ҳамида ва мавқеи устувор дар ҷомеа обрӯи баланд доранд. Мо таҷрибаи ҳаётии онҳоро омӯхта, дар фаъолияти ҳамарӯза истифода мекунем.

Дар кишвари мо таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат  оила ҳамеша дар паноҳи давлат аст ва он ифтихори ҳамагон мебошад. Ин нукта  дар моддаи 33 –и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки  «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».

Бо истифода аз фурсат бори дигар Рӯзи байналхалқии оиларо ба ҳамаи ҳамдиёрони азиз табрик гуфта, рӯзгори орому осоишта, ҳаёти пурфайз ва болидахотириву сарбаландиҳоро таманно менамоям.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

 

 

 

 

 

Ҷустуҷӯ