Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дави миллӣ баргузор гардид

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.


Имруз, санаи 20 май дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маросими Дави миллӣ  бо иштироки зиёда аз 5 ҳазор нафар баргузор гардид.


Дави миллӣ аз даромадгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид.

Чорабиниро мудири бахши  кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Фирдавс Ҳоҷиев  оғоз намуд.


Раиси ноҳия Зариф Назирӣ  ҳозиринро бахшида  ба таҷлили чорабиниҳои моҳвораи ҷавонӣ таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” ва Дави миллӣ   шодбош гуфта, қайд намуд,  ки иқдоми мазкур бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ роҳандозӣ мешавад.

Пас аз анҷоми чорабинӣ ба ғолибон ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Хотиррасон менамоем, ки Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Дави миллӣ баргузор мегардад. Ин иқдом бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ, дар саросари мамлакат сурат мегирад.

 

 

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ