Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Хатари ташкилоти экстремистию терриристии ҲНИТ барои сохти конститутсионӣ ва давлатдории дунявӣ

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.


Ватанро бинозам маро дар канор

Чу модар гирифту намуд бахтиёр

Ман ин байти шоири ватандӯсту ватанпарвар Ҳабиб Юсуфиро бесабаб зикр накардаам, зеро Ватан моро ба воя мерасонад, парвариш мекунад. Дар оғӯши Ватан ба камол мерасем, тамоми орзую ниятҳоямон дар оғӯши ьамин Ватан амалӣ мегардад. Ҳар яки мо аз синфи якум то тамом кардани мактаб дар васфи Ватан шеърҳо мехонем, аз худ мекунем, филмҳоро тамошо мекунем.

Ман ҳодисаи нанговари аввалҳои моҳи сентябр дар ноҳияи Ваҳдат бо сарварии Назарзода Ҳоҷӣ Ҳалим сарзадаро пеши назар меораму худ ба худ мегӯям:

Наход Назарзода Ҳоҷи Ҳалим қадри Ватанро надонад?

Наход, ки некиьҳои барои ҳар шахс кардаи Ватанро ӯ аз хотир бароварда бошад.

Муаллимон дар бораи Ватану ватандӯстӣ ба мо мисраю байтҳои зиёдеро маънидоду талқин менамоянд. Аз ёд кардани шеърҳоро талаб мекунанд, то ки қадру қиммати Ватанро бештар дарк намоему оянда ба қадри некиҳои Ватанро бештар дарк намоему оянда ба қадри некиҳои Ватан бирасем. Дар ҷойи дигар Ҳабиб Юсуфӣ боз гуфтааст:

Ватан ҷону, ҳам ҷаҳони ман аст,

Ватан боғу, ҳам бӯстони ман аст.

Агар одам маънии ин байтро дурусттар дарк намояд, Ватанашро аз ҷон ҳам бештар дӯст медорад. Агар лозим ояд, барои Ватан ҷонашро нисор мекунад…

Аммо афсӯс, ки Назарзода Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳамроҳонаш ба қадри некиҳои Ватан нарасиданд. Зиёда аз ин онҳо умеду чораҳои омӯзгорон-устодони худашонро низ барбод доданд. Магар падару, хешу ақрабо, устодони мактабӣ аз Назарзода Ҳоҷӣ Ҳалим чунин умед доштанд? Не, ҳаргиз не! Пас ман ҳамчун омӯзгор амалиёти ин хоинро маҳкум менамоям. Мегӯям, ки ӯ ва пайравонаш шоистаи ин хоку сарзамин, ин Ватани биҳиштосои мо нестанд. Онҳо душмани Ватан , дшмани халқу миллати худ ҳастанд.

Омӯзгори фанни таърихи

МТМУ № 14-и ҷамоати Унҷӣ

Ахмедова Х
 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ