Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Тачлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Ёва

E-mail Чоп PDF




Санаи 21 май дар варзишгоҳи Сайҳуни ҷамоати деҳоти Ёва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Точикистон  бо иштироки беш аз 2000 нафар сокинони  ҷамоат чорабинии тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ф.Ҳоҷиев ва раиси ҷамоати деҳоти Ёва Ҳ. Шералиев низ ширкат варзиданд.



Дар оғоз  мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Ф.Ҳоҷиев табрикоти Раиси ноҳияро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба саъми ҳозир расонид. Сипас, ба иддае аз ҷавонони фаъоли ҷамоат  барои ширкати фаъолонаашон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  супорида шуданд.

Чорабинӣ бо барномаи зебои фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳофизону ҳунармварони маъруф  ба поён расид ва хотири иштирокдорони онро шод гардонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ