Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Табрикоти Раиси ноҳия Зариф Назирӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

E-mail Чоп PDF


 Ҷавонони азиз!

Таҷлили Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола дар таърихи 23 май барпо мегардад,  қадршиносӣ ба нақши созандаи ҷавонони кишвар аст.

Таҳти  сиёсати  хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ифтихори  Рӯзи ҷавонон моҳвораи  ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» бо чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ, илмию маданӣ, варзишию   эҷодӣ     баргузор    гардиданд.


Имрӯзҳо сиёсати давлатии ҷавонон ба он нигаронида шудааст, ки ташаббуси   ҷавонон    ҳаматарафа   дастгирӣ   ёбад. Солҳои охир ҷавонони ноҳия бо нишон додани фаъолияти хуби илмӣ ва дониши хуб саҳми худро дар баланд бардоштани эътибори ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза  мегузоранд.

Раиси вилоят мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба сиёсати ҷавонон  ва рушди Барномаҳои давлатии марбут ба ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд.

Дар ноҳия зиёда аз 360 ҳазор нафар аҳолӣ  умр ба сар мебаранд, ки зиёда аз 120 ҳазор нафари онҳо ҷавонон мебошанд.

Бинобар ин, мо иштироки ҷавононро  дар самти ободкорӣ ва созандагии Ватани азизамон  ҳамеша дастгирӣ менамоем. Барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ, таҳсил ва фаъолияти хуби ҷавонон тамоми  чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Ҷоизи қайд аст, ки дар доираи амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат бо баҳрамандӣ аз ғамхориҳои давлат ва ҳукумати мамлакат  ҳамасола сатҳи донишу фарҳанги ҷавонон боло рафта,  дар муассисаҳои олии кишвар дар маҷмўъ  9975 – нафар фарзандони ноҳияамон мақоми донишҷўиро касб намуда, 1155-нафари дигар дар макотиби олии хориҷи кишвар бо муваффақият таьсил менамоянд. Ҳамчунин тариқи Квотаи Президентӣ 160-нафар ба муассисаҳои олии ҷумҳурӣ дохил гардида, то ин дам 72 -нафари онҳо соҳибихтисос  гаштанд.     Дар  робита ба ин соли сеюм аст, ки мулоқоти  раисони шаҳру ноҳияҳо бо донишҷӯён ташкилу баргузор карда шуда истодааст. Ҳадафи баргузории ин мулоқотҳо шиносоӣ аз вазъи зисту зиндагонии донишӯён ва ҷалб намудани онҳо   барои  кор кардан дар зодгоҳашон мебошад.

Ҷавонони азиз!

Дар Паёми худ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ аз се самти асосӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву  дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд. Нишондиҳандаҳои дараҷаи таҳсилот собит сохтанд, ки саводнокии аҳолӣ ба маротиб афзудааст. Албатта ин дастовард хуб аст, вале мо набояд бо ин қонеъ шуда, таваҷҷӯҳро камтар намоем. Баръакс моро зарур аст, ки  дар   самти  таълиму тарбия, бештар таваҷҷӯҳ ва заминаҳои моддиву техникии   муассиаҳои таълимиро таьким бахшем. Дар ин  самт  ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару  модар  дар  таълиму тарбияи фарзанд» -ро бо мақсади баланд бардоштани дониши фарҳангӣ,   маърифати ҳуқуқӣ  риоя намоем.  Барои дастгирии наврасону ҷавонон кӯшиш ба харҷ диҳем, ки   насли ояндаи миллати мо ба қуллаҳои баланди дониш  бирасанд.

Варзиш  ва  ҷавонон  бо  ҳамдигар пайвастанд ва беҳуда ҳам варзишро бақои дарозумрӣ ва солимии миллат наменоманд.

Фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба Шумо – насли умедбахши миллат аз сидқи дил табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор ва  комёбиҳои беназир  орзумандам.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ