Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Амалҳои зиддиинсонӣ

E-mail Чоп PDF


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадьҳои худ аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид таъкид доштанд, терроризм дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда истодааст ва ин хатари бузург аст.
Мутаассифона дар замони осоиштаи мо гаравидани зумрае аз ҷавонони мо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ шомил мешаванд, ки моро ба ташвиш гузоштааст.


Масаллам аст, ки дар тамоми муассисаҳо дар раванди таълиму тарбияи насли наврас, ҷавонону толибилмон дар соатҳои тарбиявӣ ба онҳо моҳияти ин масъала аз тарафи омӯзгорон хуб фаьмонида мешавад.
Дар ин бобат тарғибу ташвиқи ғояҳои олии ватандӯстӣ, меҳанпарварӣ, азму суботи комил дар самти омӯзиши касбу ҳунар, илмомӯзӣ аҳамияти муьим пайдо менамояд.
Мо бояд насли ҷавон эҳтирому гиромӣ доштан, ҳифз намудани хоки поки Тоҷикистонро омӯзонем. Инро вазифаи азалӣ ва масъулияти омӯзгорону ҳайъати педагогии ҳар як омӯзгор меҳисобем. Дар ҳалли ин масъала, махсусан падарону модарон сари андешаи солим оянд. Фаромӯш набояд кард, ки падидаҳои нахусти тарбият, муҳаббат ба Ватани азиз, ба забону адабиёти тоҷики мо аз хонавода оғоз меёбад.
Мо бояд насли наврасро ба корҳои манфиатнок, тарбияи меҳнатӣ, варзиш ва амсоли инҳо ҷалб намоем.
Имрӯзҳо мавзӯи терроризм ва ифротгароӣ ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфтааст. Мо вазифадор ҳастем, ки пайгирона дар ҷустуҷӯи роҳҳои муассири решакан кардани чунин гурӯҳҳо бошем.
Терроризм ва ифротгароӣ торафт паҳн шуда, хатари аз байн рафтани чандин кишварҳоро ба миён оварда, боиси ҳалокати садҳо ҳазор нафар одамон ва харобиву хисороти зиёд гардидаанд.
Ба ыавли Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон террористу ифротгаро на Ватан, на миллату мазҳаб дорад.
Дар асри гузашта мардуми тоҷик дар роҳи меъмори давлати соҳибихтиёр ҷомеаи мутамаддин рӯзҳои вазнинро паси сар кард. Дар натиҷаи ҷанги бародаркуш ҳазорҳо нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расида, аксарияти онҳо бехонаву дар гуреза шуданд.
Солҳое, ки ба сари Тоҷикистон омад, бори дигар нишон дод, ки ҳама гуна нерӯҳое, ки барои расидан ба чунин мақсадҳои ғаразноки хеш аз номи поки дини ислом сӯйистифода мекунанд, ҳаргиз мавриди пуштибонии ҷомеа қарор намегиранд.
Мо, мардуми сулҳхоҳи тоҷик ҳаргиз намегузорем, ки терористон ба мақсади нопоки худ расанд. Мо - омӯзгоронро лозим аст, ки барои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳаматарафа корбарӣ намоем, зеро оқибати чунин амалҳо танҳо пушаймонист.

Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик МТМУ № 13-и
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,
Қосимова М.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ