Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Изҳороти Шӯъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба амалҳои нопоки Муҳиддин Кабирӣ

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Аҳли маорифчиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамоиши сокинони пойтахти кишварамонро  алайҳи амалҳои нангини ифротиву террористии собиқ ҲНИТ ва роҳбари хиёнатпешаи он Муҳиддин Кабири, ки санаи 21.05.208 сол дар назди бинои сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардидааст, якдилона ҷонибдори намуда, ҳадафҳои нопок ва талошҳои ғаразҷӯёнаи ҳизби мазкур ва роҳбарияти онро сахт маҳкум менамояд.


Тавре Ҳаким Фирдавсии бузург фармудааст, чунин ашхоси ҷахолатпеша:

Зиёни касон аз пайи суди хеш ,

Биҷуянду дин андар оваранд пеш.

Кирдорҳои разилонаи террористиву экстремисти ва ҳукуматталошонаи  Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш бар руҳу равони миллати шарафмандамаон ва ҳаёти босаодати имрӯзу фардои Ватани биҳиштосоямон хатари ҷидди ва ҳалокатбор дошта, нанги имону ислом маҳсуб меёбад.

Кабирӣ ва ҳизбиёни авомфиреби наҳзати ислом зери ниқоби дини мубини ислом гояҳои хатарзои хоҷагони хориҷиро солҳост, ки талкин ва тарғиб менамояд. Гуфтан ба маврид аст, ки тайи солҳои фаъолияти ҲНИТ садҳо фарзандони бегуноҳи мардуми диёрамон ба доми фиреби ин қабил ҷосусони миллат гирифтор шуда, гумроҳу хиёнатпеша гаштаанд ва садҳои дигар  ҷавонони ҷоҳил алҳол низ ливои дини мубини исломро дар хориҷи кишварамон химоятгарӣ менамоянд, ки хилофи рисолати ватандориву фарзанди дар назди Модар Ватан ба шумор меравад.

Ҳамаи онҳое, ки ба ҳамоиши мазкур ширкат варзиданд, арзи дили мо омузгорону маорифчиён ва пиру барнои ватандусти диёрро ироа намудаанд. Ба дурусти, ки Кабириву ҳамрахонаш авомфиребу ватанфуруш ва ҷаҳолатпешаву манфуранд.

Шукронагузори ҳаёти босаодат ва файзи нусратбори Истиклолияти Ватан ва эҳтиромгузори салокатмандиву раиятпарварии Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд буд, аз вартаи фалокат миллат наҷот ёфту саодат насисбамон гардид.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ