Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Изҳороти омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 ба номи Ҳоди Кенҷаеви ҷамоати Хистеварз оид ба амалҳои нопоки Кабирӣ

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Бо шукргузори аз фазои орому осоишта ва шукуфоиву ободии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон соҳибистиклол омӯзгорону толибилмони мактаби қаҳрамон Ҳоди Кенҷаев бо баҳраманди аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фатҳи қуллаҳои баланди касби ва илму дониш ҷаҳди босубот зоҳир менамоянд.




Дар ин раванд, ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, ба монанди кирдорҳои нангини ифротиву террористии ҳизбиёни наҳзати ислом бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва амалҳои даҳшатбори исломгароёни авомфиреб боиси таассуф ба ҳисоб меравад. Доиршавии ҳамоиши аҳли сокиони пойтахти кишварамон дар назди Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе , ки санаи 21.05.2018 сол ба вукуъ пайваст вокеияти ҳаводиси рӯзро собит намудааст. Зеро ҳақиқатан хам роҳбарони ҳизби манфури наҳзати ислом ва пайравони хиёнатпешаи онҳо ба хотири расидан ба ҳадафҳои номатлубу нангини хеш, аз ҷумла соҳибият ба мансабу ҳукумат ва давлатдориву сарватманди аз соддадиливу камсаводии бархе аз ҷавонони кишвар сӯиистифода намуда, ба маҷрои гумроҳи тела додаву боиси халокати хазорон мардуми бегуноҳ ва харобиву қасодии кишвар гардидаанд. Мо ҳеҷ гоҳ оташи чанги хонумонсузӣ шаҳрвандиро, ки ба иллати давлатхохиву мансабталошии наҳзатиёни ислом ва хочагони хоричиашон ба вукуъ омадааст, фаромуш нахохем кард. То абад наҳваи модарони фарзандгумкардаву фарзандони ятиммонда, гулбоғҳои харобагардидаву манзилҳои барбодрафтаи мардумони бегуноҳ  дар оташи дӯзах ҷону равони хоинони ватанамонро азият хоҳад дод. Дар ҳаёти имрӯза ҳам чунин ашхоси девкирдор осуда нахоҳанд зист.

Ҳамоиши мазкур ифодагари нидои ҳақиқатбори қалби мардуми саодатпешаву ваҳдатгарои миллати азияткашидаи мост. Мо ҷонибдори абадияти сулҳу амният, ободиву ваҳдат ва хамдиливу рафокати тоҷикистониёну ҷаҳониён ҳастем. Бо аҳли иштирокдорони ин ҳамоиш ҳаммаром ва ҳамдард хастем.

Нест бод ҳизби хиёнатпешаву харобовар ва хиёнатпешаи наҳзати ислом!. Несту пароканда бод ифротиёни исломгарову имонфуруш!. Поянда бод ободиву осоиштаги ва ваҳдату Истиқлолияти Тоҷикистон!. Фархунда бод Пешвои муаззами миллат ва хамдилии мардуми шарафманди Тоҷикистон!

Зинда бош , эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ