Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Вохӯрӣ оид ба пешгирии омилҳои корупсионӣ

E-mail Чоп PDF


Санаи 28 май  дар  толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  тибқи нақшаи чорабиниҳои  пешгирии ҳолатҳои корупсионӣ вохӯрӣ  баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Д. Зарифӣ ва нозири калони  шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёати  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд   М.Ҷӯразода  иштирок намуданд.


Сухани ифтитоҳиро муовини  Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров М.Бобозода  оғоз намуда оид ба зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва аз байн бурдани он ҳарф зад.
Баъдан сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Д. Зарифӣ дар мавзӯи «Пешгирии содиршавии омилҳои коррупсионӣ» баромад карда таваҷҷуҳи  ҳозиринро ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»  маълумоти муфассал дод.
Ҳадафи асосии вохӯри ин  ҷиҳати амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия вобаста ба татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ