Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Мо бар зидди ифротгароӣ ва терроризм

E-mail Чоп PDF

Ифротгароӣ ва терроризм яке аз падидаҳои номатлубе дар замони ҳозира ба ҳисоб меравад, ки ҷаҳон аз ин азият кашида истодааст. Ҳоло дар ҷаҳони кунунӣ ташкилотҳои ифротгароӣ амал мекунанд, ки кӯшишҳои бо мафкураҳои носолим мусаллаҳ кардани ҷавононро дорад. Барои пеши роҳи ин падидаи номатлуб ва ба наврасону ҷавонон фаҳмонидани ғаразҳои нопоки онҳо яке аз вазифаҳои асосии ҳамагон ба ҳисоб меравад.

Вазифаи мо – омӯзгорон пеш аз ҳама он аст, ки шогирдони хешро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намоем ва дари илму маърифатро ба рӯйи онон хубтар боз кунем, то ин ки ҷавонон ба ҷодаи гумроҳӣ нараванд ва пайрави ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайридинӣ нагарданд. Омӯзгорони таъриху ҳуқуқ дар дарсҳои хеш хонандагонро бо мақсади дарс ва зарурияти ин мавзӯъ шинос гардонида, мафҳумҳои  ифротгароӣ ва терроризм, оқибатҳои онро маънидод ва таҳлил менамоянд. Ба хонандагон оиди хатари мудҳиш доштани ин падидаи номатлуб маълумоти муфассали ҳаётӣ дода истодаанд. Он шахсоне, ки ба чунин гуруҳҳои ифротгаро шомил гаштаанд, тасаввуроти дурусти сиёсӣ, динӣ ва мазҳабӣ надоранд. Яке аз воситаҳои асосии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мазкур тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ буда, ҷавонон бо надоштани дониш, камтаҷрибагӣ метавонанд, ба фиребу пайранги ин гуна гурӯҳҳо афтанд.

Ҳар як мардуми сайёра мехоҳад, дар ҳаёти осоиштаву тинҷ умр ба сар бурда бошад, вале ашхосоне ёфт мешаванд, ки бо рафтори ношоистаи ғайриинсонӣ давлатро халалдор гардонида, дар натиҷа ба бесариву сомонӣ мубаддал менамоянд. Ин шахсон гурӯҳҳои ба ном ҲНИТ, яъне ҳамчун ватандӯсту ғамхории миллат худро меҳисобанд, вале қалбу нияташон нопоку сиёҳ аст. Сабаб чӣ бошад?

Ба ин гуруҳи нопок шомил гаштани шаҳрвандони мо, ин пеш аз ҳама бехабар аз қонунҳои дар ҷумҳур амалкунанда ва ба таълиму тарбияи ҷавонон беаҳамият будани падару модарони онҳо мебошад. Қонуне, ки дар Тоҷикистон амал мекунад, он дар назди ҳар шаҳрванд ягона аст. Дар Конститутсия чунин омадааст:  «Падару модарон барои тарбияи фарзандон масъуланд». Бинобар ин падару модар вазифадор аст, аз таълиму тарбияи фарзанд бохабар бошад, то ин ки фарзандаш ҳаромро аз ҳалол, сафедро аз сиёҳ фарқ  карда бошад.

Ҷавононе, ки имрӯз дониш меомӯзанд, аз навидҳои хориҷи кишвар бохабаранд ва дар бораи зарару оқибатҳои нохуши ин падидаи зараровар огоҳ мегарданд, албатта аз ин варта худдорӣ менамоянд.

Имрӯзҳо чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ  амалу рафтор ва ҳаракатҳои ғайри инсониву экстремистии ин гурӯҳҳоро сахт маҳкум менамоянд.

Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ дар Паёмҳои навбатӣ ва чӣ дар баромадҳои хеш аз минбарҳои баланд амалиётҳои ҷангиёни ДИИШ – ро сахт маҳкум намуда, ҳушдор сохтанд, ки бадбахтона дар ин амалиётҳои террористии гурӯҳҳои экстримистӣ аз кишвари мо – Тоҷикистон низ садҳо нафар ҷавонони ноогоҳу роҳгумзада иштирок намуда истодаанд, ки дар қатори онон занону ноболиғон низ дида мешаванд.

Мо – омӯзгорон барои пешгирии ин падидаҳои номатлуб, ки ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст,бетараф набуда, тамоми донишу маҳорат ва қобилияту таҷрибаи хешро баҳри тарбияи насли солими наврасону ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватанӯсти  ҳақиқӣ гаштан сарф менамоем.

Мо, кулли  мардуми бонанги Тоҷикистон, хусусан ҷавонон шукронаи Истиқлолият, Ваҳдат, шукронаи ин даврони ободу зебо, шукри давлату ҳукумат ва тинҷию амнияти кишварро карда бошанд. Маҳз танҳо бо меҳнати ҳалоли созандаву бунёдкорона, нигоҳи нек ва дили пок ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва муҳаббат ба ин сарзамину хоку диёр, мо метавонем меҳру садоқати худро нисбат ба Ватани ҷоноҷон нишон диҳем.

Муассисаи таьсилоти

миёнаи умумии №28

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ