Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Изҳороти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 ифротгаронаи ТЭТ ҲНИТ

E-mail Чоп PDF

  Ҳамаи омӯзгорону муҳассилини муассисаи мазкур амалиёти ифротгаронаи ТЭТ    ҲНИТ – ро сахт маҳкум менамоем. Ба ҳамаи мо мақсади нопок доштани ифротгарон, кинаву бухс ва давлатро халалдор намуда ба нотинҷӣ овардани онон ошкор шуд.

Мо кулли омӯзгорон хуб дарк менамоем, ки кишвари азизамон – Тоҷикистон барои ноил гаштани  дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва барои пойдории сулҳу ваҳдат, меҳнати дастаҷамъонаи мардуми кишвар бо сарварии Пешвои миллати муаззамамон Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят зиёд аст. Дар давоми солҳои истиқлолият бунёди шаҳру деҳаҳо, таъсис ёфтани корхонаву заводҳо, муассисаву кӯдакистонҳо, мумфарш гаштани роҳҳо ба назар мерасанд. ТЭТ ҲНИТ ва пайравони гурӯҳи номатлуб ҳеҷ гоҳ наметавонанд сулҳу ваҳдате, ки дар кишвари мо – Тоҷикистон пайдор аст, халалдор карда бошанд.


Имрӯзҳо, дар асоси сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони мо рӯз то рӯз ободу зебо гардида истодааст.

Бинобар ин, мо – омӯзгорон фаъолияти кории хешро баҳри боз хубтар тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон менамоем, то ки онҳо дар рӯҳияи меҳанпарастиву инсондӯстӣ, меҳнатдӯстиву накӯкорӣ, хушгуфториву хушрафтор ва доштани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, омӯзиши дониши муосир ва аз бар намудани панду андарзҳои ниёгон бархурдор бошанд. Муҳассилини мо аз вайрон кардани қонуну ҷинояткорӣ худдорӣ мекунанд ва ба ин роҳи каҷу килеб, ки номаш ифротгарӣ аст, намераванд. Аз қонунҳои дар Тоҷикистон амалкунанда бохабар буда, аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҳамроҳ намешаванд.

Насли наврас ва ҷавонони муассисаро дар вақти холигии хеш дар омӯхтани китобҳои бадеӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, гузаронидани машқҳои гуногуни варзишӣ равона менамоем.

Мо, омӯзгорони муассиса ҷавобан ба бовариву эътимоди давлату ҳукумат ваъда медиҳем, ки баҳри ободу зебо ва гул-гул шукуфии Тоҷикистони азиз ҳиссагузор бошем ва насли наврасро низ барои дар роҳи ватани ҷоноҷон хизмат кардан ҳидоят намоем.

Ҳаргиз намегузорем, ки хоинони ватан ба мақсади нопоки хеш бирасанд. Бо қатъият изҳор менамоем, ки ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт нақшаҳои нопоки ТЭТ   ҲНИТ амалӣ намешаванд ва амалӣ нахоҳад шуд.

 

Муассисаи таьсилоти

миёнаи умумии №28

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ