Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Бунёди Боғи фарҳангиву фароғатии Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфт

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷараён дошта, сокинони вилоят баарои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни бузурги миллӣ софдилона заҳмат мекашанд.

Дар ин раванд роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ корҳои созандагиву ободониро густариш бахшида, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, бо мақсади иҷрои дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ дар маҳалҳо ва деҳаҳои калони шаҳру ноҳияҳо дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Боғи фарҳангиву фароғатӣ бунёд мешавад.


29 майи соли равон аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди Боғи фарҳангиву фароғатии Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров санги асос гузошта шуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки бо дастуру супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳбудии шароити зисту зиндагии мардум давоми се сол бояд дар ҳамаи ҷамоат, шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят мактабу кӯдакистонҳои садамавӣ бартараф гардида, инчунин коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом, сартарошхона, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ бо тарзу услуби замонавӣ бунёд ва ба истифода дода шаванд.  Таъкид гардид, ки Боғи фарҳангиву фароғатии Ҷамоати деҳоти Унҷӣ дар доираи чунин иқдомҳои наҷиб бунёд хоҳад шуд. Дар боғ фаввора, аз ҷумла майдончаи бозӣ барои бачаҳо, кӯдакону наврасон бунёд гардида, барои истироҳати калонсолону кӯдакон тамоми шароит фароҳам мегардад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти ҶДДМ «Барқарор», ки сохтмони боғро ба зимма дорад,  супориш дод, ки корҳоро бо сифати баланд ба анҷом расонад, то ин макон дар ҳақиқат мавзеи истироҳатӣ барои сокинони ҷамоат гардад.

Сипас, имомхатиби масҷиди ҷомеи ҷамоат Саидазим Атаев, омӯзгор Абдусалом Маҳмудов ва Холида Аҳмадова - сокини ҷамоат аз ташаббусу ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори руҳбаландӣ намуда, барои чунин ғамхориву дастгирӣ ва амали нек ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят арзу сипоси сокинони Ҷамоати деҳоти Унҷиро баён намуданд.

Дар ин рӯз ҳамзамон ба мумфаршкунии роҳи кӯчаи «1-уми май»-и Ҷамоати деҳоти Унҷӣ низ оғоз бахшида шуд. Дарозии роҳи мумфаршшаванда 1 км буда, он бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пурра мумфарш карда мешавад.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ