Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Изҳороти коллективи омӯзгорони М Т М У№4 ба номи Д. Азизов-и ҷамоати Хистеварз нисбат ба амалҳои ифротгаронаи ТЭТ ҲНИТ

E-mail Чоп PDF


Ҳайати омӯзгорони МТМУ №4 ба номи Д. Азизов амалиёти ифротгаронаи ТЭТ ҲНИТ-ро маҳкум менамоем. Ба ҳамагон мақсади асосии ҲНИТ дар охир ошкор гардид, ки он аз даъватҳои оммавӣ ва барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, халалдор сохтани сиёсати ҷамъиятӣ ва амнияти давлат иборат аст.


Аз тарафи ин ҳизби ҷиноӣ нодида гирифтани дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат дар кишвар, мо омӯзгорон изҳори таассуф менамоем. Воқеан, роҳи дар давоми 26 сол тайъкардаи мардуми кишвар таьти роҳбарии Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми таърихи миллати куҳанбунёдамон беназир аст. Дар тӯли ин солҳои тақдирсоз чи қадар заводу фабрикаҳо, корхонаву ташкилотҳои нав, мактабҳо, муассисаҳои фарҳангӣ бунёду таъмир гардидаанд. ТЭТ ҲНИТ ва пайравони ҳеҷ гоҳ сулҳу ваҳдати моро, ки барои ҳар яки мо аз кӯдаки дар гаҳворабуда то пири барҷомонда чун гавьараки чашм азиз аст, халалдор карда наметавонад.

Имрӯзҳо дар асоси сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти кишвари азизамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ рӯз аз рӯз вусъати тоза ёфта истодааст.

Бинобар ин мо фаъолияти худро баҳри тарбияи ҷавонон дар руҳияи масъулияти ватандорӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, донишомӯзиву азхудкунии технологияи муосир пешгирии қонунвайронкунии ҷинояткорӣ, мубориза алайҳи таҷлидҳои ноҷо ба маданияти либоспӯшии ба  фарҳанги миллати мо бегона, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таъмини волоияти қонун, тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ, тарзи ҳаёти солим, рушди онҳо дар омӯзиши касбу ҳунар ва илму адабро тарбия намоем. Сулҳу ваҳдатро чун бузургтарин неъмати илоҳӣ эьтиром гузошта, таҳти роҳбарии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободкориву созандагӣ ҳамраъй ва ҳамкор бошем. Ба роҳи рост ҳидоят намудани насли наврасро рисолати азалии пешаи омӯзгори ҳисобида, масъулияти дучандро дар таълиму тарбияи онон ба ӯҳда дошта бошем.

 

Қурбонова П

омӯзгори МТМУ №4

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ