Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Изҳороти коллективи омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Чоп PDF

Ҳайъати омӯзгорони  муассисаи мо  сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ   намуда баҳри  созандагию бунёдкорӣ ва  муҳити  солимии ҷомеа тамоми  ҳайрати  худро равона менамоем.


Ифротгароӣ ва терроризм падидаҳои  номатлуби  ҷомеа мебошад, ки  мо – омӯзгоронро бетараф намегузорад .Ин амали манфур  аз ҷониби  гурӯҳҳои  манфиатҷӯиву қудратталаб дар миёнаҳои  асри XX зуҳур  намуда, аз худ оыибатьои  даьшатангез ва фожиабор  боыц мегузорад, ба амният ва иттиҳоду оромии ҷомеаи  ҷаҳонӣ таъсири  манфӣ  мерасонад.

Аз ин лиҳоз  мо – омӯзгорон  кӯшиш мекунаем, ки таваҷҷӯҳи  ҷавононро ба самти  донишандӯзӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ  равона  созем. Моро лозим аст, ки дар тафаккури  ҷавонон ақидаи солим парварем.

Маҷсади ҳизбу  гурӯҳҳои  ифротгаро  ҳадафҳои нопок, тезутунд намудани  муносибатҳои  ҷомеаи ҷаҳонӣ, низоъандозӣ  байни  дину  миллатҳо  ва ба  сари мардуми осоишта ғаму  кулфату фоҷиа  овардан  аст. Онҳо  мехоҳанд аз ҳисоби ҷавонони  гумроҳу бетаҷриба ва аз  асли худ  бехабар  сафи  худро  зиёд намоянд. Вале, мо ҳаргиз намегузорем, ки  онҳо ба ин  мақсади  аҳримании худ  бирасанд.

Имрӯз  моро зарур аст, ки  зиракии  сиёсиро  аз даст надода бар зидди  терроризму  экстремизм мубориза барем.

Дар дарсҳои худ омӯзгоронро лозим аст, ки ба шогирдон онро таъкид намоянд, ки ҷавонони мо ватандӯст, инсондӯст, раҳмдил ва накӯкор бошанд, аз осори бузурги ниёгон, ки моро ба ҳаёти хушбахтона ҳидоят мекунад, омӯзанд. Зеро бамаврид аст бигӯем, ки Фирдавсии бузургвор фармудаст:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспорем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд, ки санаҳои 3 ва 4-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мо аҳли омӯзгоронро бетараф намегузорад. Дар ин конфронс Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад. Бори дигар изҳор менамоям, ки номи неки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст”.

Мо, аҳли омӯзгорони муассиса ин гуфтаҳои Пешвои муаззамро дастгирӣ намуда, шогирдони худро ҳушдор менамоем, ки аз таҷлиди кӯркурона  дур бошанд, гумроҳ нашаванд, некро аз бад, дӯстро аз душман фарқ намоянд, фирефтаи ақидаву корҳои мардуми бадхоҳ нагарданд.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ