Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Санаи 15 июн дар саросари Тоҷикистон Иди саиди Фитр таҷлил мегардад

E-mail Чоп PDF

Имсол Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 15 июн таҷлил мегардад. Дар ин бора имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки бо иштироки аъзои Шӯрои уламо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар баргузор гардид, қарори дахлдор қабул кард.




Тавре  АМИТ "Ховар"  иттилоъ медиҳад,  соати 6:00 субҳи санаи 15 июн,  дар тамоми масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон намози ид баргузор мегардад.

Хотиррасон менамоем,  ки соли равон моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 17 май оғоз гардида, мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20 400  сомонӣ муқаррар шуда буд, ки аз он 510 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ баробар ба 5 сомонӣ ва фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазон барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва беморон ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муқаррар гардидааст. Иди саиди Фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол таҷлил мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ