Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

ҲНИТ –душмани сулҳу ваҳдат аст !

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Мардуми шарифи Тоҷикистон  оқибатҳои  даҳшатнок  ва  зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги  шаҳрвандиро  хуб дар  ёд дорад. Ҷанги  дохилӣ аз  ҷониби  доираҳои муайян ва бадхоҳони  миллати   тоҷик  бо мақсади  ба сари  мурдуми  мо  таҳмил кардани  мазҳабу  фарҳангӣ  бегона  ва бунёди  давлати исломӣ   оғоз  шуда , боиси  ба ҳалокат  расидани даҳҳо  ҳазор  нафар  шаҳрвандони  мамлакат  ва  ҳисорати  азими  иқтисодӣ  гардид.


Аз  тарафи  ин ҳизби  ҷиноӣ  нодида  гирифтани  дастовардҳои иқтисодию  иҷтимоӣ  ва  таҳкими  сулҳу  ваҳдат  дар кишвар   , мо омӯзгорон   изҳори  таассуф  менамоем. Воқеан  , роҳи  дар давоми  27  сол  тайъкардаи мардуми  кишвар  таҳти роҳбарии  Пешвои миллат ,  муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон  дар тамоми  таърихи миллати  куҳанбунёдомон   беназир  аст. Дар  тӯли  ин солҳои  тақдирсоз  чӣ қадар  заводу  фабрикаҳо  , корхонаву  ташкилотҳои  нав   мактабҳо  , муассисаҳои фарҳангӣ бунёду таъмир  гардидаанд.

ТЭТ ҲНИТ ва пайравонаш  ҳеҷ  гоҳ  сулҳу  ваҳдати моро , ки барои ҳар яки  мо аз  кӯдаки  дар гаҳворабуда   то  пирӣ  барҷомонда  чун гавҳараки  чашм  азиз аст , халалдор карда  наметавонад.

Мардуми  тоҷик  ва  махсусан  , қишри  зиёиёни ватанӣ  , ки  асакарон охири  солҳои ҳаштод  ва аввали навадуми асри гузашта  ҳолати  бетарафӣ  ва  бетофовутиро  аз сар  мегузарониданд , бар  асари  ноилоҷи  ва ё  ҷустуҷӯ  накардани  илоҷ  ба  вартаи  ҷанги  шаҳрванди  гирифтор  шудаанд. Маҳз дар ҳамон    замон  ба қавли мардуми амал  мебоист карда   ва «илоҷи воқеааро пеш аз  вуқӯъ» мебоист дарёфт  .Аммо  , чуноне , ки мушоҳида кардем ҷомеа  дар ҷустуҷӯи  илоҷи беҳафсалагӣ кард  ва мушкил андар  мушкил фарогирии ҷомеа  гардид.

ТЭТ ҲНИТ , ки дар вақташ ва  ҳам имрӯз  на танҳо барои  кишвари мо , балки барои минтақа  дардисарсоз  буда  ва  ҳаст , ба унвони  муҷрии  асосии  сенарияи  ҷанги  шарвандӣ  дар Тоҷикистон шинохта  мешавад. Сенариянависон  ва  барномасозони   ТЭТ   ҲНИТ барои  нуфузманд  қишри  руҳонияти  наьзатц  дар  минтақа  сармоягузории  хуб кардаанд  ва  ричагҳои  иҷтимоиро  ба дасти наҳзат  вогузоштанд. Роҳи  аз  ҳама  мусоид  дар бозиҳои  геополатикӣ  террори  динӣ  -мазҳабӣ  аст  ва  аз ин  абзори  хуби  сиёсӣ  дар қаламравӣ   Тоҷикистон  дар солҳои навадуми асри  гузашта васеъ  истифода  бурда шуд.

Яке  аз масъалаҳои  ҳасосу  даҳшатангезе  , ки  боиси  ташвиши  ҷомеаи  ҷаьони  гардидааст  , ин  паҳншавии  босуръати  терроризму  экстремизм аст. Ифротгароӣ имрӯз  ҳамчун  ҷинояти  байналмилали  доман  паҳн  намуда тамоми  марзҳоро  убур карда истодааст. ТЭТ ҲНИТ ва пайравонаш  ҳеҷ гоҳ  сулҳу  ваҳдати моро   , ки  барои ҳар яки  мо –аз  кӯдаки  дар гаҳворабуда то  пирӣ барҷомонда  чун гавҳараи чашм  азиз  аст, халалдор  карда  наметавонад.

Терроризми дини-мазҳабӣ  хашминтарин навъи терроризми  байналмилалӣ  аст. Он  дар шакли   равонӣ  ва ҷисмӣ-физики зуҳур мекунад.

Аз ин лиҳоз  , ҳамаи мо омӯзгорону  устодон  вазифадор ҳастем , ки баҳри  пешгирии  шомилшавии  ҷавонон  ба ҳизбу  ҳаракатҳои ифротӣ ҷидду ҷаҳд  намоем.Симои  аслии  ифротгароиро  нишон  диҳем.  Ҳар яки  мо  вазифадор  ҳастем , ки ба созандагиву бунёдкорӣ  машғул  шуда , фарзандони худро  дар руҳияи  худшиносиву  хештаншиносӣ  тарбия  намоем.

Сулҳу  ваҳдатро  чун  бузургтарин  неъмати илоҳӣ  эҳтиром  гузошта таҳти  роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ободкориву  созандагӣ  ҳамраҳӣ  ва ҳамкорӣ онҳо бошем.

 

Омӯзгори  фанни таърих ва ҳуқуқи

МТМУ №7 ба номи Ӯрмон Исроилов

Юлдошева Матлуба

 

Ҷустуҷӯ