Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Изҳороти омўзгорони МТМУ №57 ҷамоати деҳоти Исфисор нисбат ба амалҳои ифротгаронаи терроризм ва экстремизм

E-mail Чоп PDF

Омӯзгорони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №57 муассиса  амалиёти ифратгаронаи  ТЭТ ҲНИТ- ро   маҳкум  менамоем. Пайдошавии  сулҳу  субот  дар мамлакат  имконият  медиҳад,  ки  захмҳои қаблӣ  оҳиста-оҳиста  шифо ёбанд ва ҳаёт ба маҷрон  мӯътадил  ворид шавад.  Лекин дар ҷомеа  ором будан  барвақт аст ва барои ваҳдату  сулҳ   як лаҳза  ҳам  фориғ  набояд буд.  Бе сабаб  нест,  ки зиракии  сиёсиро  аз даст надодан ва ба муқобили  бегонапарастӣ  мубориза   бурданро  сармашқи кору зиндагӣ  табдил  додан  вазифаи  омӯзгорони муассиса мебошад.


Мо аз воситаҳои ахбори умуми мунтазам дар бораи ба доми фиреби террористон гирифтор шудани ҷавоне огоҳӣ дар меебем ва таассуф мехӯрем . Террористон ба ҳамин васила ҷавонони булҳавас ва зудбоварро аз Ватан берун ,аз хешу табор ҷудо мекунанд ,бо ҳидоятҳои ҳоинона онҳоро ба содир кардани кирдориҳо номатлубу барои ҷомеа зиеоновар ва ҳатто , ба куштору сӯхтору нобудсозӣ водор менамояд. Мутаассифона чанде аз ҷавонони тоҷик низ фирефтаи доми макру тазвири гурӯҳҳои террористи чун ҲИНИТ, ДИИШ шудаанд ва бо нокомиҳову фалокатҳои зиёде дучор омад, ки онҳо пушаймон гардиданд.

Вобаста ба ин ҳолат дар кишварамон чораҳои таъҷилию фарогир андешида шуданд. Муҳимтарин аз ҳама корҳои таблиғотию ташреҳи байни ҷавонон тақвият ёфтанд, тарбияи ватандӯстию башарпарварӣ миёни онҳо пурзӯр карда шуд. Таълимгоҳҳо, воситаҳои ахбори умум ва нерӯҳои дигари солим барои бо донишҳои воқеӣ, тафаккури солим ҷаҳонбинии бунёд ва вусъатманд мусаллаҳ шудани ҷавонон ҷидду ҷаҳди ҳамешагӣ дорад. Ин ҳама ва тадбирҳои дигар ба воқеъбину мулоҳизаҳо ва хушрафтору дурандеш шудани ҷавонони ҷумҳурӣ мусоидат кардааст .

Бинобар ин  омӯзгорон  фаъолияти  худро баҳри табдили  ҷавонон дар руҳияи  масъулияти  ватандорӣ,  зиракии сиёсӣ,   азхудкунии технологияи муосир, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои   террористиву  экстремистӣ,  таъмини  волоияти қонун,  тарғиби  фарҳанги  пурғановати  миллӣ, ҷалби теъдоди  ҳарчи бештари ҷавонон  ба раванди эҳёи ҳунарҳои  мардуми равона  менамоем.  Аз  хатогиҳои содирнамудаи  онҳо хулоса  бардошта,  барои  ба як  миллат  ва муттаҳид  намудани сокинони Тоҷикистон  ба як қувваи бузург  шуда кор мекунем.

Мақсади мо,  омӯзгорон,  он аст, ки ҷавононро  ҳидоят намоем, то ҳамнишини бадон нашаванд, онҳоро  бишноманд  ва аз ҳузури таъсироти  манфиашон дур бошанд.  Ҳаргиз немегузаронем, ки душманони миллати  тоҷик  ба мақсадҳои ғаразноки хеш бирасанд.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ