Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Изҳорот оид ба ҳамдилии аҳли маорифчиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шрӣ М.Ҷ.Акбар дар Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез

E-mail Чоп PDF

 Тавре мусаллам аст, терроризм чун вабои аср  ҷаҳони муосирро  ба доми ҳалокатбори худ кашида, мутаассифона дар роҳи гулафшони зиндагии аҳли оламиён фоҷеаҳои бузургеро эҷод менамояд. Дар радифи мардуми тараққипарвару озодихоҳи ҷаҳон бо ташаббусҳои созандаву ваҳдатгаро ва сулҳофарин мардуми саодатпешаи тоҷик бо ҳидояти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборизаи беамон бурда, ба ояндаи неку дурахшон раҳ мепаймояд. Зеро пиру барнои Ватанамон хуб дар хотир доранд, ки аз таъми шаҳдбори сулҳу ваҳдат  мо - тоҷикистониён на ба осонӣ шодком шудаем. Кирдорҳои нангин ва амалҳои ватанфурўшонаи роҳбарону пайравони ҲНИТ дар ҳама марҳилаҳои пойдоршавии Истиқлолият ва  рушду инкишофи Тоҷикистони азизамон монеаҳои азим эҷод намуда, боиси талафотҳои гарони ҷониву иқтисодӣ ва авзои ноороми сиёсӣ дар кишварамон гардидааст.


Сулҳи гаронмояи  тоҷикон бо талошу ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллатамон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарҷамъиву ҳамдилии мардуми ватандўсти кишвар бар асари тантанаи хиради азалии миллати тоҷик ба даст омада, ҳизби хиёнатпешаву ифротгарои наҳзати исломи Тоҷикистон  ва роҳбарони  разили он дар пешорўи қонун маҳкум карда шуданд.

Имрўзҳо хушбахтона аз файзи соҳибистиқлолии Ватани азизамон фазои орому осоишта ва ободиву саодати диёрамон комилан  ҳукфармоӣ дорад. Ҷомеаи сулҳпарвари олам сабақи сулҳи тоҷиконро мавриди омўзишу таҳқиқотҳои доманадору пурарзиш қарор дода, ташаббусҳои созандаву инсонгаро ва тараққипарваронаи миллати шарафманди мо ва Пешвои муаззами онро якдилона ҷонибдорӣ менамоянд.

Дар ин раванд суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Ҷаноби Шрӣ М.Ҷ.Акбар дар Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез мо - аҳли маорифчиёни ноҳияи овозадори Аллома Бобоҷон Ғафуровро хеле муассир намуда, дигарбора ба ҳамдиливу рафоқати миллати тоҷик бо оламиён мўътақид намуд. Мўҷиби ифтихормандист, ки Ҷаноби Вазир аз номи халқи озодихоҳи кишвари ба мо дўсту бародари Ҳиндустон дар суханронии хеш  хеле воқеъбинона ба нақши сарнавиштсози Пешвои муаззами миллатамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва пойдории Истиқлолияти кишвари азизамон баҳои баланд дода, маҳвсозии фаъолияти ҳизбиёни наҳзати исломро дар Тоҷикистон ва маҳкумсозии ҳамагуна кирдорҳои терроризму экстремизмро - чун манбаи хатар дар ҷомеа чун дастоварди шоёни миллати тоҷик арзёбӣ ва сидқидилона ҷонибдорӣ намудаанд.  Аз ҷумла, Ҷаноби Вазир таъкид доштаанд, ки «Мо бояд маънои ин дастовардро эътироф ва дарк намоем. Тоҷикистон пеши роҳи сироятёбиеро, ки метавонист тамоми Осиёи Марказиро мубтало карда, бо шарикони идеологӣ то баҳри Каспию Сиёҳ ва Левантеву Ироқ мепайваст, гирифт. Мо бояд Президент Эмомалӣ Раҳмон, қудрати қувваҳои амниятии  ў  ва  рўҳияи мардуми тоҷикро барои роҳ надодан ба табдилёбии чолиши хатарнок ба фољиаи идоранашаванда, ки талафоти зиёд диданд, табрик намоем».

Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон инчунин мардумфиребиву имонфурўшии гурўҳҳои ифротиро, ки аз  заъфи иқтисодии одамон суиистифода бурда, ба доми марговари худ мекашанд, сахт маҳкум намуда, хариду фурўши маводи мухаддирро чун сарчашмаи  маблаѓгузории терроризми ҷаҳонӣ омили мусоидаткунанда шуморидаанд.

Бо арзи ҳамдилӣ ба суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шрӣ М.Ҷ.Акбар дар Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез  мо - аҳли маорифчиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳамдиёрони азизамон даъват ба амал меоварем, ки бо шукргузорӣ аз Истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллӣ, бо ифтихор аз Пешвои муаззами миллат ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон бар зидди ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову террористӣ ва гирифтани пеши роҳи хариду фурўши маводи мухаддир муборизаи беамон барем.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азизамон  бояд амиқан дарк намоянд, ки таъмини зиндагии шоистаи мардуми диёрамон аз таъминоти амнияту офияти кишвар сахт марбут буда, чун гавҳараки дидагон эмин доштани сулҳу субот ва ваҳдату Истиқлолият қарзи фарзандиву ҷонии хурду бузурги Ватан мањсуб меёбад.

 

 

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ