Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Изҳороти МТМУ №80-и ҷамоати Хистеварз оид ба суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шрӣ М.Ҷ.Акбар дар Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез

E-mail Чоп PDF

Камоли ифтихормандист, ки дар ақсои олами муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон  чун кишвари  сулҳофарин ва ташаббускори иқдомҳои созандаву ҳаётбахш  мавриди эътимоду эҳтиром қарор гирифтааст.  Бо бањрамандӣ аз суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шрӣ МҶ.Акбар дар Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез дигарбора мўътақид гардидам, ки яке аз омилҳои тақвияти ҳуввияти миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва Истиқлолияти Ватани маҳбубамон дар ҳамдиливу рафоқати шаҳрвандони кишвар ва муборизаи беамон бо ҳизбу ҳаракатҳои  ифротгароёнаву хушунатомези террористиву экстремистӣ ба ҳисоб меравад.



Ба шарофати ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тољикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизамон аз вартаи ҳалокатбори ҷангҳои шаҳрвандӣ наҷот ёфта, фаъолияти ифротгароёнаву  хушунатомези ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии ҲНИТ ва амсоли он ба маънии томаш решакан шуд.  М. Кабирӣ ва пайравони хиёнатпешааш ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш имрўз ҳам дар ҳар гўшаву канори олам сар бардошта истодаанд. Вале чунонки Ҷаноби Вазир Шрӣ М.Ҷ.Акбар   дар суханрониашон изҳор намуданд, «Мо бояд барои нест кардани терроризми фаросарҳадӣ ҳамкорӣ намоем. Дар ҳақиқат, террористон ба давлати миллӣ ва миллат боварӣ надоранд. Онҳо ба фазое, ки бар эътимод асос ёфтааст, бовар доранд».

Дар тақвияти суханрониҳои Ҷаноби Вазир, изҳор медорам, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон мамнўъ гардидани фаъолияти ҲНИТ ва қонунан маҳкумсозии кирдорҳои нангини он амали босавобу ватандўстона маҳсуб ёфта, дар партави ҳидояти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободониву пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор шудан ва бар зидди ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротии террористиву экстремистї мубориза бурдан нишони садоқат ба Ватану Модар  ва марзу буми аҷдодӣ ба ҳисоб хоҳад рафт. Зеро:

Ман аминам бехазон гардад диёри тоҷикон,

Ҷаннатистон мешавад фардо диёри тоҷикон

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ