Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери экстремистиву террористӣ дошта - вазифаи асосии ҷомеъаи омўзгорӣ аст.

E-mail Чоп PDF

Дар моддаи  якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  омадааст, ки «Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад». Таърих ба мисоли ойинаи ҷаҳоннамои афсонавиест, ки ҳамагонро бо гузашта ошно месозад, то ки аз он сабақ гиранду имрўзу фардояшонро обод кунанд. Чун ба он менигарем, тоҷиконро мардуми бофарҳангу тамаддунсоз, ободкору сулҳофарин мебинем.  Тоҷикон ҳеҷ гоҳ ба сари халқе ва ё миллате бо мақсади ғаразнок теғ накашидаанд. Гузашта аз ин, шиори асосии  мафкуравии шоҳигари абарқудрати Сосониён “Ваҳдат” буд ва хушбахтона имрўз  низ  ин  мафкура бо ибткории Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вориси  ҳақиқии  Сосониёну Сомониён  ба шиори асосии мафкуравии Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил дода шудааст.


Солҳои охир мафҳуми ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) дар муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи мустаҳкам ишғол карда, аз тарафи хабарнигорон, иқтисоддонон, сиёсатмадорон, ҳуқуқшиносон, ки бо проблемаҳои байналмилалӣ сару кор доранд, зуд – зуд истифода мешавад.

Ҷањони  муосир  пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, фундаментализм, сепаратизм, анархизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад.

Терроризм ин ташкили воқеаҳои хатарнок, яъне аз тарафи                                                                                                                                            ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зўроварӣ  ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеа мебошад. Аз нигоҳи паҳноиву фарогирӣ терроризм ба шаклҳои зерин тақсим мешавад: байналхалқӣ, дохилидавлатӣ, сиёсӣ, миллӣ ва динӣ.

Мутаасифона, дар ҷомеаи мо низ аломатҳои чунин зуҳуроту падидаҳои номатлуб ба назар мерасанд. Яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайрӣ, аз ҷумла экстримистию террористӣ, ин муҳоҷирати меҳнатӣ, муносибати озодонаи давлатҳо ва ниҳоят дониши кофӣ надоштани ҷавонон аст, ки гумроҳ мешаванду дар охир пушаймон мегарданд.  Пўшида нест, ки   дар ҷангҳои  террористии Сурия баъзе аз ҷавонони гумроҳ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  иштирок доштанд.

Бо назардошти гуфтаҳои болоӣ, ба назари ман вазифаи ҷомеъаи омўзгорӣ дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ғайриқонунии  террористиву  экстремистӣ - ин байни онҳо, алалхусус хатмкунандагони синфҳои 11 – ум, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ– ташвиқотӣ ва фаҳмонидадиҳӣ мебошад. Бояд ҳар як хонандаи муассисаи таълимӣ донад, ки  ифротгарон бо кадом роҳҳо имрўз ҷавонони моро гумроҳ намуда истодаанд ва онҳо бояд дар куҷое,ки набошанд, ба ин қабил ҳаракатҳои шахсони алоҳида истодагарӣ карда тавонанд.  Бо ин мақсад  дар соли таҳсили равони 2017-2018 дар кулли  муассисаҳои таълимии ноҳия бо хатмкунандагон, алалхусус, бо он нафароне,ки баъд аз хатми муассисаи таълимӣ барои таҳсил ва ё кор ба хориҷи кишвар хоиши рафтан доштанд, суҳбатҳои алоҳида гузаронида шуда, ба онҳо  бобати фирефта нашудан ба ин қабил одамҷаллобон  тавсияҳои мушаххас дода шуда истодаанд.

Мо, омўзгорон бояд дар шуури  ҳар як ҷавон, хонандаи муассисаи таълимӣ  ақидаеро   ташаккул диҳем, ки маҳз ваҳдату якдилӣ аст, ки сатҳи зиндагиамон рў ба беҳбудӣ дорад, мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо, ширинтарин меваи соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ бирасем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз ва ҳимоя намоем. Мо бояд аз худ Тоҷикистони ободу зеборо ба наслҳои оянда мерос гузорем. Нагузорем, ки бадхоҳону бадтинатон пайи фитнаву халалдорсозии ҷомеаи соҳибистиқлоли мо бо мақсади сиёҳкорӣ даст ба амалҳои ноҷавонмардона зананд.

 

 

сармутахассиси шуъбаи маорифи

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Н. Муродов

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ