Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

ТЕТ ҲНИТ-душмани сулҳу ваҳдат аст!

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

Сулҳ лозим, то ки бошад халқ амон,

Сулҳ лозим, то бисабзад бӯстон.

Сулҳ лозим баҳри ободии  мулк,

Сулҳ лозим бар ҳама рӯйи ҷаҳон.

                                              Муҳиддин Аминзода

Вазифаи ҷонии ҳар як шарҳванди худшиносу худогоҳ , бонангу номуси кишвар неъмати бебаҳои   таърих-ваҳдати миллиро эмин нигоҳ доштан аст. Зеро дар замони муосир гурӯҳҳои манфиатдоре ҳастанд, ки  осудагиву амнияти кишвари моро намехоҳанд.


Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатноки ҷанги шаҳрвандиро хуб дар ёд доранд. Ҷанги дохилӣ аз ҷоноби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик-ҲИНТ барои барангехтани иғво дар солҳои 1992-1997 мавқеи асосиро ишғол менамуд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол новобаста аз найрангҳои ба миён омада дар ҷаҳон мавқеи асоси дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки баҳри нигоҳдории якпорчагии Тоҷикистон замоне буд, ки  ҲНИТ зери парда таносуби сиёсат ва динро нишон медод.  Имрӯзҳо гурӯҳҳои тундгаро ҳизбу ҳаракатҳои терористию ифротгароиро тарафдори карда истодаанд.  Барои пешгирии амалҳои номатлуб мо-омӯзгорону устодон вазифадор ҳастем, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷидду ҷаҳд намуда, бояд зиракии сиёсиро  аз даст надиҳем. Зеро ваҳдати миллии  мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Халқи бо нангу номуси тоҷик тарафдорӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо омӯзгорон душмани сулҳу ваҳдат  будани ҲНИТ-ро дарк намуда, саъю  кӯшиш менамоем, ки сулҳу ваҳдати кишварамон ҳамеша пойдор бошад. Баҳри таълиму тарбияи ҷавонони бо нангу номус, меҳанпарасту қавиирода камари ҳиммат баста, баҳри ободию осоиштагии кишвар меҳнат менамоем.

 

 

 Самадова Машҳура

Омӯзгори  МТМУ№34 

ҷамоати деҳоти Хистеварз 


 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ