Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

ТЭТ ҲНИТ – душмани сулҳу ваҳдат !

E-mail Чоп PDF

Воқеаҳои фоҷеъавори аввали солҳои 90 – уми қарни гузашта дар  ҷумҳурӣ ҳамчун саҳифаи сиёҳ дар таърихномаи халқи тоҷик сабт гардидааст. Мардуми тоҷик хуб дар ёд доранд, он рӯзҳои даҳшатнок ва зарари ҷанги шаҳрвандиро. Ҳазорҳо хонаҳои истиқоматӣ, коргоҳҳои азими саноатӣ сӯхта валангор гардида, гаравгирӣ ва қатли шаҳрвандон яке масъалаҳои ташвишовари он замон буд.


Хушбахтона, сарфи назар аз мушкилот ва мураккабии шароити ба амал омада, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешавои миллат, Президенти кишвари азизамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сулҳ пойдор гардид.

Мо, шукронаи он мекунем, ки имрӯз дар Тоҷикистон сулҳу субот, фазои софу осуда ҳукмфармо аст. Тоҷикистони азизамон рӯз аз рӯз бо сарварии оқилонаи Пешвои муаззами тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон  гулгулшукуфон гардида, мардумонаш  зиндагии хушбахтона доранд.

Мутаассифона,  шахсоне ё  гурӯҳҳое пайдо мешаванд, ки ин ҳама неъмати истиқлолиятро чашми дидан надоранд ва бо ҳар гуна амалҳњҳои зишт оромии кишварро халалдор кардани ҳастанд. Мисол мегирем ташкилоти террористиву экстремистии ҲНИТ, ки маҳз ба хотири  манфиатҳои шахсии як гурўҳ мансабталабон ва хоҷагони берунии онҳо ин ҳизб ташкил шуда буд. Сад афсўз, ки ин ташкилот ҷавонони моро фирефта намуда, ба воситаи онҳо ғояҳои террористиву экстремистиро  паҳн намуданд ва он шахсони гумроҳгашта имрўзҳо дар минтақаҳои ҷангзада беному нишон гардида истодаанд.

Худ қазоват кунед, чи қадар оилаҳо аз падару модар, зану фарзанд, хоҳару бародар, Ватани азизашон ҷудо гардидаанд. Ба хотири чї...

Аз ин лиҳоз ҳамаи мо – падару модарон, омӯзгорон, устодон вазифадор ҳастем, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷидду ҷаҳд намоем. Симои аслии ифротгаронро нишон диҳем. Ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, фарзандони худро дар рӯҳияи худшиносиву ватандўстӣ тарбия намоем. Маърифати ҳуқуқии насли наврасро баланд бардошта, баҳри соҳибкасбу соҳибмаълумот шудани онҳо кўшиш ба харҷ диҳем. Сулҳу ваҳдатро чун бузургтарин неъмати илоҳӣ эҳтиром намуда, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ободкориву созандагӣ ҳамраъй ва ҳамкор бошем.

Турсунов Хуршедҷон

Омўзгори фанни таърих ва ҳуқуқи

МТМУ № 33 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


 

Ҷустуҷӯ