Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Бори каҷ ба манзил намерасад

E-mail Чоп PDF

Таърих ба мисоли ойинаи ҷаҳонамои афсонавиест, ки ҳамагонро бо гузашта ошно месозад, то ки аз он сабақ гиранду имрўзу фардояшонро обод кунанд. Чун ба он менигарем тоҷиконро мардуми бофарҳангу тамаддунсоз, ободкору сулҳофарин мебинем.  Тоҷикон ҳеҷ гоҳ ба сари халқе ва ё миллате бо мақсади ғаразнок теғ накашидаанд. Баръакс аз даврони қадим то ба асри XIX анбўҳи азими ғосибон ба Тоҷикзамин фурў мерехтанд ва даст ба куштору ғорати тоҷик мезаданд.


Дар асри ХХ бошад сиёсати давлати Шўравӣ тоҷиконро аз марказҳои тамаддунашон ҷудо сохт, ду маротиба алифбояшонро тағйир дод. Шояд дар ҷои тоҷикон дигар халқе ё миллате қарор медошт ба куллӣ маҳв мешуд, аз арсаи таърих нопадид мегашт.  Аммо, тоҷикон тавонистанд бо вуҷуди ин ҳама ҷангҳои хонумонсўз ва азияту ҷабру ситам забон, фарҳанг ва як порчаи Ватани азизашонро дар даст нигоҳ доранд, соҳиби давлати худ гарданд.

Сад афсўс, ки нотавонбинони миллат ҳанўз ҳам аз баҳри ба вартаи ҳалокат кашидани тоҷикон набаромада будаанд. Дар айни тулўи Офтоби истиқлоли тоҷикон онҳо даст ёфтанд, ки Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги бародаркуш бикашанду сарватҳояшро ғорат кунад. Онњо ба Ватани азиз мо љанги хонумонсўзро тањмил доданд. Мутаассифона баъзе аз ҳизбҳои сиёсӣ ва созмону ҳаракатҳои ҷамъиятии ҳамонвақта фирефтаи найрангбозиҳою ваъдаҳои дурӯғини хориҷиён гардиданд ва бар зидди ҳукумати қонунӣ яроқ ба даст гирифтанд.

Аз ҷумлаи чунин қувваҳо ҲНИТ ба шумор меравад. Бинобар маълумотҳои расмӣ аъзоёни он аз фаъолтарин ҷангиёни нерӯҳои мухолифин буданд.

Хушбахтона тоҷикон бо роҳбарӣ ва ҷидду ҷаҳди пайвастаи сарвари худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони бо нангу ори миллат даст ба дасти ҳам доданд, Ватанро аз нобудӣ ва миллатро аз нестӣ нигоҳ доштанд.

Ҳукумат чандин маротиба авфи умумӣ эълон намуд, намояндагони мухолифин ба ҳайати ҳукумат ва ҳамаи сохторҳои идоракунии давлатӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо аъзоёни ҲНИТ кам набуданд. Аммо, чуноне, ки аз махлумотҳои расмии сохторҳои қудратӣ аён гардид, наҳзатиҳо баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ низ аз ниятҳои худ даст накашида будаанд. Онҳо дар дил ноором кардани вазъи ҷомеа ва ба даст овардани ҳокимиятро мепарваридаанд.

Аммо,  пас аз фош гардидани нақшаҳои ҲНИТ ва барҳам хӯрдани кӯшиши онҳо барои гузаронидани табаддулоти давлатӣ бо қарори Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри 2015 Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) — ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёна созмони террористӣ эълон карда шуд ва фаъолияти он дар қаламрави кишвар манъ гардид. Инчунин нашри ҳафтаномаи "Наҷот"- органи чопии ташкилот ва саҳифаи интернетии он бо қарори додгоҳ баста шуд.

Мутаассифона то ба ҳол на ҳама дар ҷомеи мо ба ойинаи ҷаҳоннамои таърих бо чашми иббратомўз нигоҳ мекунанд. Ёфт мешаванд нафароне, ки мехоҳанд вазъи кишварро ноором кунанду ба ибораи халқӣ “обро лой карда аз он моҳӣ доранд”. Баъзе аз аъзоёни ТЭТ ҲНИТ берун аз кишвар бо кӯмаки маблағгузорони хориҷии худ бозиҳои сиёсиашонро давом дода истодаанд. Аммо, набояд фаромӯш сохт, ки ниятҳои бади душманони Тоҷикистони азиз ба монанди бори каҷи ба манзил нарасида ҳеҷ гоҳ амалӣ намешаванд.

 

Чомеаи меҳнатии гимназияи “НУР”.

 

 

 

Ҷустуҷӯ