Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Изҳороти ҷомеааи меҳнатии муассисати таълимии гайридавлатии Гимназияи “Нур”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

E-mail Чоп PDF

Ҳайати устодон ва омузгорони гимназияи “Нур” амалиёти ифротгаронаи ТЭТ ҲНИТ – ро маҳкум менамоем. Ба ҳамагон мақсади асосии ҲНИТ ниҳоят ошкор гардид, ки он аз даъватҳои оммавӣ ва барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, халалдор сохтани сиёсати ҷамъиятӣ ва амнияти давлат иборат мебошад.


Имрӯз, ҳангоме ки мардум дар фазои мусбии тагйирёфтаи сулҳу субот ва оромию таъмини амнияти мардум ҳаёт ба сар мебаранд, мебояд, ки ҳамагон қонунҳои давлатиро қатъиян риоя намоянд. Имрӯзҳо шахсоне, ки мардумро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд  ин ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ ба монанди ТЭТ ҲНИТ мебошанд. Маҳз ҲНИТ манфитати шахсӣ ва ҳизбии худро аз манфитаҳои ҷомеа боло гузошт. Чуноне, ки аз махлумотҳои расмии сохторҳои қудратӣ аён гардид, наҳзатиҳо баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ низ аз ниятҳои худ даст накашида будаанд. Онҳо дар дил ноором кардани вазъи ҷомеа ва ба даст овардани ҳокимиятро мепарваридаанд.

Аммо, набояд фаромӯш сохт, ки ниятҳои бади душманони Тоҷикистони азиз ба монанди бори каҷи ба манзил нарасида ҳеҷ гоҳ амалӣ намешаванд.

Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо – омузгорону устодон вазифадор ҳастем, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷидду ҷаҳд намоем. Симои аслии ифротгароиро нишон диҳем. Арзишҳои милливу давлатии худро ҳифз намуда, онро дар байни ҷавонону наврасон густариш диҳем.

Мо тоҷикон ва тоҷикистониён бо роҳбарӣ ва ҷидду ҷаҳди пайвастаи сарвари худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои Миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободкориву созандагӣ ҳамрайъ ва ҳамкор бошем.

Мо омузгорон ва устодони гимназияи “Нур” бо қатъият изҳор медорем, ки ҳеҷ гоҳ нақшаҳои нопоки ТЭТ ҲНИТ амалӣ намешаванд.









 

Ҷустуҷӯ