Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Дасисаҳои хиёнаткоронаи ТЭТ ҲНИТ-ро қотеъона маҳкум мекунем!

E-mail Чоп PDF

Солҳои 90-уми асри гузашта халқи мо бо айби як тӯда сиёсатмадорони «навбаромад» ба вартаи ҷанги бародаркуш кашида шуда, он барои миллати мо оқибатҳои сангин оварда, дар рафти он бештар аз 150 ҳазор ҳамватанони мо аз ҳаёт маҳрум, 55 ҳазор кӯдакони ятим, 26 ҳазор занон бева, 35 ҳазор ҳавлиҳо оташ зада шуда, бештар аз 5 ҳазор муассисаҳои маданию равшаннамои несту нобуд карда шуда, зарари умумии он ба 10 млрд доллари амрикои баробар буд, ки он буҷаи 31-солаи Тоҷикистонро ташкил медод.


Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон, ки бо Қарори Суди Олии Тоҷикистон барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз 29-уми сентябри соли 2015 ташкилоти террористию экстремисти эълон карда шуд, дар маркази ин ҳодисаҳои нангин меистод.
Ин ҳизб дини мубини исломро ниқоб карда, халқи тоҷикро раҳгум занонида, мехост давлати исломӣ барпо намуда, тартиботи асри миёнагиро ҷорӣ намояд. Ин суханон ва баҳои воқеиро воқеаҳои солҳои 1992-1997 борҳо исбот кардааст.
Бо шарофати ҷонбозиҳои беназири Пешвои миллатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии фидокоронаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ 27-уми июни соли 1997 мо ба Сулҳи деринтизор расидем. Имрӯз шукрона мекунем, ки ватанамон ба ҷомеаи мутамаддин пайваста, обрӯю нуфузи кишварамон дар арсаи байналхалқӣ торафт меафзояд.
Ҳизби насҳати ислом ки яке аз қувваҳои асосии оташангези воқеаҳои хунини  солҳои 90-ум ба ҳисоб меравад, бо супориши хоҷагони хориҷии худ ба ин ҷанги таҳмили сабабгор гашта, имрӯз ҳам аз ниятҳои нопоки худ даст накашидаанд.
Оньо – роҳбарони ин ҳизби ифротӣ аз хориҷи кишвар истода, дар байни мардум тухми кинаю адоват ва тафриқаандозиро коштани мешаванд, ҷавононро роҳгум занонидани ва бо ҳамин васила ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷикро заҳролуд кардани мешаванд. Онҳо бо тавассути шабакаҳои интернети ва саҳифаҳои   «матбуоти зард», ин ниятҳои ҷинояткоронаи худро амали кардан мехоҳанд. Ин хиёнатпешагон, лаънаткардагони халқ бояд донанд, ки ин халқи куҳанбунёдро роҳгум занонидан дигар ба онҳо муяссар намешаванд, зеро ин халқ аз миёни оташу нокомиҳо гузашта, дӯсту душманашро нағз дониста гирифтааст. Ин халқро ягон қувва аз роҳи созандаю адолат, фардои дурахшони кишвари маҳбубаш берун карда наметавонад.

 

Қодиров Деҳқонбобо

омӯзгори фанни таъриху  ҳуқуқи МТМУ №5-и ҷамоати

Хистеварз, Аълочии маориф
ва  илми Тоҷикистон

 

Ҷустуҷӯ