Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Изҳороти омўзгорони иттиҳодияи методии фанни таърих ва хуқуқ ва омўзгорони МТМУ № 57 ҷамоати Исфисор нисбат ба амалҳои ифротгаронаи ТЭТ ҲНИТ

E-mail Чоп PDF

Мо  ҳайати омӯзгорони муассиса  амалиёти ифратгаронаи  ТЭТ ҲНИТ- ро   маҳкум  менамоем. Пайдошавии  сулҳу  субот  дар мамлакат  имконият  медиҳад,  ки  захмҳои қалби  оҳиста-оҳиста  шифо ёбанд ва ҳаёт ба маҷрон  мӯътадил  ворид шавад.  Лекин дар ҷомеа  ором будан  барвақт аст ва барои ваҳдату  сулҳ   як лаҳза  ҳам  фориғ  набояд буд.  Бе сабаб  нест,  ки зиракии  сиёсиро  аз даст надодан ва ба муқобили  бегонапарастӣ  мубориза   бурданро  сармашыи кору зиндагц  табдил  додан  вазифаи  омӯзгорони муассиса мебошад.


Дар давоми  26-сол  тайкардаи  мардуми кишвар  тахти роҳбарии Пешвои миллат ,   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар тамоми таърихи миллати куҳанбунёдамон  беназир аст.  Дар  тӯли ин солҳо  чӣ қадар  заводу  фабрикаҳои  корхонаву  ташкилотҳои нав,  мактабҳо,  муассисаьҳои  фарҳанги бунёд гардиданд.  Ҳеҷ  гоҳ  ин хел  ҳизбҳои ифротгарои  сулҳу  ваҳдати  моро,  ки барои  ҳар яки мо  азиз аст,  халал  расонида  наметавонад.

Бинобар ин  омӯзгорон  фаъолияти  худро баҳри табдили  ҷавонон дар руҳияи  масъулияти  ватандорӣ,  зиракии сиёсӣ,   азхудкунии технологияи муосир, шомилшавӣ ба ҳизбу харакатҳои   террористиву  экстремистӣ,  таъмини  волоияти қонун,  тарғиби  фарҳанги  пурғановати  миллцӣ, ҷалби теъдоди  ҳарчи бештари ҷавонон  ба раванди эҳёи ҳунарҳои  мардуми равона  менамоем.  Аз  хатогиҳои содирнамудаи  онҳо хулоса  бардошта,  барои  ба як  миллат  ва муттаҳид  намудани сокинони Тоҷикистон  ба як қувваи бузург  шуда кор мекунем.

Мақсади мо,  омӯзгорон,  он аст, ки ҷавононро  ҳидоят намоем, то ҳамнишини бадон нашаванд, онҳоро  бишноманд  ва аз ҳузури таъсироти  манфиашон дур бошанд.  Ҳаргиз немегузаронем, ки душманони миллати  тоҷик  ба мақсадҳои ғаразноки хеш бирасанд.

 

Ҷустуҷӯ