Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

ҲНИТ: аз моҷароҷӯӣ то терроризм

E-mail Чоп PDF

Имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳуроти амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бономуси миллат мебошад.

Чӣ хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, дар охири солҳои 80-уми қарни гузашта ҲНИ ба арсаи сиёсат ҳастӣ намуд ё ин ки аниқтараш ташкилоти нахустини он ҳанӯз соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Кушониён таъсис ёфта, дар марҳилаи аввал ба монанди созмони махфии «Бародарони мусулмон» ба таври пинҳонӣ амал мекард ва сабаби асосии он вазъи ноустувору муташанниҷи Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва дар ҳамин замина ба вуҷуд омад.


Аз ибтидо ин ҳизби иртиҷоӣ натавонистсозанда ва пешбарандаи ҷомеа бошад зеро мақсаду нияташ ин ғасби ҳокимият бо роҳи зӯрӣ ва фишор буд. Инчунин барои амалӣ намудани ниятҳои нопок аз оғоз роҳи қатлу куштор ва террори сиёсиро пеш гирифт. Масалан, 5 майи соли 1992 вақте ки дар Тоҷикистони азизи мо оғози ҷанги бародаркуш ба вуҷуд омад, дар ин аснохуди ҳамон рӯз, дар саҳни ҳавлии бинои Шӯрои Олӣ рӯзноманигори варзида Муродулло Шерализода кушта шуд. Тафтишот собит намуд, ки дастури ба қатл расонидани Муродулло Шерализодаро яке аз роҳбарони ҲНИ Худойдодов Абдуғаффор додааст.

Ҳаёт нишон дод, ки ҲНИ натавонист дар ҷомеа рӯҳияи солиму созанда дошта бошад ва бардошти ақидаҳои мухолифи худро ба вуҷуд орад.

Мо мардуми тоҷик шоҳиди он ҳастем, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи зиндагӣ дар кишвар рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст. Саволе ба миён меояд, ки рҳбарони ҲНИ бо роҳбарии М.Кабирӣ, ки худ фирорӣ аст, барои мардуми Тоҷикистон чӣ кори хубро анҷом доданд, ба ғайр аз фитнаву бадбинӣ, қатлу куштор ва билохира табаддулоти ҳарбӣ (воқеаҳои сентябри соли 2015). Албатта онҳо тинҷию оромии Ватани азизи моро дида наметавонистанд, на фақат онҳо балки хоҷагони хориҷии онҳо низ.

Аз тарафи Суди Олии кишвар собит гардид, ки аз роҳи ихтилофбарангезиву ҷудоихоҳӣ ва зиёд шудани ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ дар Тоҷикистон чунин ихтилофҳо зиёд гардида, ба табаддулот ва барҳам задани низоми мавҷудаи сиёсӣ нигаронида шуда, ба амалҳои террористиву ифротгароӣ даст ба тағйири сохторӣ оварда расонид. Таърихи ташаккул ва таҳаввули ин ҳизб нишон дод, ки дар марҳилаи начандон тӯлонии инкишофи худ ин ҳизби сиёсии исломӣ ихтилфу зиддиятҳоро дар ҷомеа барангехта, ҳамеша барои носуботии амнияти дохилӣ ва минтақавӣ замина фароҳам оварда, омили асосии даргирии ҷангҳои дохилӣ буд.

Дар охир ҳаминро гуфтаниям, ки ҲНИ бо ҳаракатҳои ошкоро ва пинҳонии худ мехоҳад, ки ҳамчун фишанги хосси идоракунанда барои кишварҳои сеюм сохта шуда ҳамчун омили истеъмори навин хидмат мекунад.

 

Набиева Мавҷуда

омӯзгори МТМУ №26 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Ҷустуҷӯ