Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

ҲНИТ-сароғози амалҳои террористӣ

E-mail Чоп PDF

Дар замони муосир аз ҳама беш терроризм ва экстромизми динӣ ҷаҳони имрӯзаро ба мушкилот гирифтор намудааст. Чуноне, ки ба мо маълум аст терроризм ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисмонан бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошанд.


Амалҳои террористӣ ва экстромизми динӣ амалҳои номатлуби динӣ мебошанд, ки аввалин бор дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо солҳои  90-уми  асри XX ба назар расид. Ин амалҳо аз тарафи ташкилоти террористӣ ва экстромистии Ҳизби Наҳзати Ислом барои нооримисозии вазъияти сиёсию ҷамъиятӣ ва ғасби ҳокимият роҳандозӣ ва истифода намуда, сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар дохили кишвар гардид. Иштирокчиёни ин ҷанги хонамонсӯз ҷавонони дар макотибҳои динии ғайрирасмӣ таҳсил карда буданд, ки бар зидди манфиатҳои миллату Ватан бархезонид.

Аз ин лиҳоз мо насли калони кишварро зарур аст, ки наврасону ҷавононро ҳамеша ба омӯзиши илму дониш, забонҳои хориҷӣ, техникаву технологияи муосир раҳнамун созем.

Роҳбарон ва аъзоёни ташкилоти террористӣ ва экстромистии ҲНИТ тамоми имкониятҳоро дар самти дин фароҳам овардаи давлатро сарфи назар намуда, баъд аз истиҷдори сулҳ аз фаъолияти таҳрибкоронаю душманонаи худ даст накашидаанд. Онҳо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ даст ба ҷиноятҳои сангину террор заданд ва ҳатто кӯшиш намуданд, ки бо роҳи анчом додан табаддулоти ҳарбии давлатӣ ҳокимияти сиёсиро ғасб намоянд. Онҳо то ҳанӯз мехоҳанд бо роҳи зӯроварӣ бо мақсадҳои нопокашон дастёб гарданд. Аммо мардуми бошарафи мо аз ин амалҳои террористии ҲНИТ бохабар мебошанд  ва ҳеҷ гоҳ дигар фирефтаи ин ташкилот намегарданд.

 

Ниёзматова Д

омӯзгори МТМУ №47 ҷамоати Ёва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Ҷустуҷӯ