Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Изҳороти омӯзгори МТМУ № 47 ҷамоати Ёва, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нисбат ба амалҳои ифротгаронаи ТЭТ ҲНИТ

E-mail Чоп PDF

Ҳаракатҳои террористӣ ва экстромистии динӣ ки хусусияти ҷалбнамои дорад дар аксари кишварҳои дунё ба назар мерасад. Таъсири он ки ба кишвари азизи мо дар солҳои 90-уми асри XX ба назар расида буд, он ҳамчун як доғи сиёҳ ба саҳифаи торике дар таърихи давлатдории тоҷикон боқӣ мемонад. Он амалҳои нангин террористони наҳзатӣ бар зарари арзишҳои динӣ буданд. Ба мо маълум аст, ки роҳбарони ин ҳаракатҳо мақсади ғаразнок дар роҳи ноором сохтани фазои сулҳу суботи кишвар ва бадбахту бечора намудани мардум, барҳам додани  сохти конститутсионӣ ва ба даст оаврдани ҳакимияти сиёсӣ буд.


Сарварони ин ташкилот бо сурраву оятҳои динӣ пайваст намуда, диққати тамоми мардумро ба дину мазҳаб ҷалб намуда, халқро ба ғафлат мегузоштанд. Онҳо худро мӯъмину мусулмон хонда, олимону зиёиён, кормандони давлатро кофир меномиданд ва ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки мардумро ба муқобили ҳукумат шӯронда ба муноқиша ва низоъ бархезонанд.

 

Ҷустуҷӯ