Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Изҳороти омӯзгорони МТМУ № 47 ҷамоати Ёва оиди амалҳои номатлуби террористии ҲНИТ

E-mail Чоп PDF

Мо омӯзгорони муассиса бо дарки –паёмадҳои вобаста ба доман паҳн намудани терроризм дар ҷодаи мубориза бо ин вабои аср мақоми пешсафиро ҳифз намуда, ҳамеша ҷонибдори муқовимати оштинопазир бо ин зуҳуроти фоҷиабори ҷомеаи муосир мебошем, зеро ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.


Ҷомеаи омӯзгорони муассиса эътимоди комил доранд, ки бо баргузор гаштани Конфронси байналмиллалӣ, ки дар мавзӯи мубориза бар зидди терроризму экстромизм, симои кишвари азизамонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар муаррифи хоҳад сохт.

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ оид ба амалҳои номатлуби терроризм ва экстромизм таъкид намуда буданд, ки аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан – модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнаткоранд, ки таърих онҳоро намебахшад.

Аз ин лиҳоз мо омӯзгорони муассиса ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, инсондӯстӣ тарбия намуда, онхоро ба донишандӯзӣ, истифода аз техника ва технологияи замони муосир бархӯрдор намоем.

 

Ҷустуҷӯ