Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

ГУРЎҲҲОИ НОПОК ВА НАНГОВАР

E-mail Чоп PDF

Боиси нангу  таассуф аст, ки намояндагон ва аъзоёни Ваҳҳобия,   Салафия ва   ТЭТҲНИТ  имрўз  мекўшанд, ки бо маслиҳати ашхоси бегона ба ватани аслии худ хиёнат намоянд. Аслан ин гурӯҳ на ватан доранд ва на  ба арзиши  инсонӣ эҳтиром. Ҳар ќадоме хиёнат ва разолату ҷоҳилӣ мехоҳанд, ки ба кишвари мо соҳиб шаванд ва   Тоҷикистон ба майдони  ҷангу низои байналхалќӣ табдил ёбад.  Ин кори нанговари  эшон  боиси назарҳои мухталиф дар миёни ҷомеаҳои гуногун гардидааст.   Ин   гурўҳҳои эктрамистиву терорристӣ   заррае  дар мавриди  арзишҳои таърихӣ ва миллӣ намеандешанд.  Ин бо кўмаки   давлатҳои исломӣ  пешрафтҳои нодида мехоҳанд дубора кишвар маркази ҷанг ќарор дода шавад.


ТЭТҲНИТ  аз ҳамин гурҳҳо мебошад, ки  дар таърихи навини Тоҷикистон  кори нангинро  муртакиб гардид ва  наќши сиёҳи худро  то абад гузорад.   Гурўҳҳои салафияву ваҳҳобия ба ин гурўҳи хиёнаткор  ҳамеша дар робита ва муносибат ҳастанд.  Зеро инҳо бо кўмаки якдигар  мехоҳанд, ки Тоҷикистонро ба давлати исломӣ табдил диҳанд. Аз таҳлили ҳаводису воќеоти рўйдода ва  мушоҳидаҳои ҳамешагӣ маълум мегардад, ки  ин гуруҳҳо аз замони зуҳур намуданашон  ба миллати тоҷик ва  давлати Тоҷикистон  таъсир хубе надоштаанд. Ҳамеша ноҷавонмардона ва душманона муносибат кардаанд.  Давлатро ба давлати исломӣ табдил додан, мардумро ба халќҳои дигари  муайян якумр побанд сохтан, ба хурофоту боварҳои кўҳнаи динӣ даровардан, роҳи афкори озод ва идеяҳои эҷодиву дунявиро бастан,  бо истифода аз ҳамин режим манфиятҳои худро ба амал баровардан будааст.

Тасаввур намоед, ки ҷавононро ба ҷангҳои бемаќсаду пурхатар сафарбар намудан,  магар ватандориву ҷавонмардӣ аст?

Имрўзҳо беш аз пеш собит гардида истодааст, ки сабабгори асслии тамоми бадбахтиҳо ва корҳои нанговари зиёд  ҳамин гурўҳҳои дингаро ва ифротӣ мебошад.

Директори гимназияи №2

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров                     Раҳимова М.А.

 

Ҷустуҷӯ