Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

АФРОДИ ХИЁНАТКОР

E-mail Чоп PDF

Муҳиддин Кабирӣ  намояндаи як гурўҳи террористӣ ва экстрамистӣ  аст.   Барои ҳокимиятро ба даст овардан  аз ягон кори зишт даст намекашад.  Дар майдони сиёсати ҷаҳонӣ маҳз ба василаи ҳамин симои манфур гоҳо  мардуми  тоҷик  хурофотиву  динзада муаррифӣ мегардад, ки боиси нигаронист. Маҳз бо ташаббуси ў салафияву ваҳҳобия дар  кишвари  мо оташи ҷангу хунрезиро  дубора авҷ гирониданӣ ҳастанд.  Ин мард дар аввал  ҳадафҳояш  нопок ва нанговар буд.  Ин одам мехоҳад  берун аз кишвар  бо  дастуру  супоришҳои  ғаразмандона  ва хиёнаткоронаи   хоҷагони худ   бо ҳаргуна ташвиқу тарғиб ва ҳадафҳои сиёҳу нопок   Тоҷикистонро дубора  ноамн созад.  

Албатта  ҳаргиз ба мақсадҳои нопоки худ нахоҳад расид.  Тоҷикистони орому осударо дидан намехоҳад.  Ҳисси ватандўстиву худшиносиро низ фурўхтаааст.  Магар инсон барои ватани худаш хиёнат мекунад?  Муҳиддин Кабирӣ  ту  шармандагиеро асос гузоштаӣ   ки таърих дар давоми чандин даҳсолаҳо ёд надорад. Бо њисси љоњталабиву мансабпарастї њатто њаёти  инсонњои наздики худро низ фикр накардӣ  Ватанро барои бегонагон ба чанд пул мефурўшӣ? Ту Тоҷикистонро ба кишвари терроистдор табдил додӣ  Агар ту ва тарғиботи сиёҳи  ту набуд, магар касе ба ҷанги Суриё мерафт?   Ҳадафҳои  давлатро ба давлати исломӣ табдил додани ту  ҳаргиз амалӣ нахоҳад шуд ва ту   бо гурўҳи нопокат дар  таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳеч вақт ба мақсад нахоҳед расид.

 

Директори гимназияи №2               Раҳимова М.А.

 

Ҷустуҷӯ