Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ҷӯраев Муродҷон Абдуалиевич

E-mail Чоп PDF

Сардухтури беморхонаи марказӣ - менеҷери сохтори госпиталӣ ноҳия

Соли 24 январи соли 1975 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1991 мактаби миёнаи №53-и шаҳри Душанберо хатм намуда, ба шӯъбаи муолиҷавии Донишгоҳи Давлатии тибии Тоҷикистон дохил шудааст. Аз соли 1997 то соли 1998 дар интернатураи соҳаи уралогияи беморхонаи Хистеварз фаъолияти худро оғоз намуда, аз соли 1998 дар вазифаи духтур урологи беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст. Соли 2007 таҳти роҳбарии Корманди Хизматни-шондодаи Тоҷикистон доктори илмҳои тиб, профессор Қодири Т.Р. ва Дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи И.Сомони, доктори илмҳои тиб, профессор Муродов А.М. рисолаи номзадиро оғоз намуда, онро моҳи марти соли 2010 бомуваффақият ҳимоя намудааст. Дар доираи кори илмӣ якӯмин маротиба дар ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои гардиши хуни гурдаҳо барои одамони солим ва беморони гурдаашон фаромада муайян карда, нишондод барои ҷарроҳи дигар карда шуд. Муаллифи зиёда аз 30 рисолаҳои илмӣ буда, қисми онҳо берун аз Ҷумҳурӣ нашр гардидаанд. Дар соли 2010-ум аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дараҷаи олии ихтисоснокиро мушарраф шудааст. Аз 27.08.2010 сол Роҳбари беморхонаи марказӣ - менеҷери сохтори госпиталӣ ноҳия таъин гардида, фаъолияти худро давом дода истодааст.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ