Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Иҷрои дунамои истеҳсоли пахта дар хоҷагиҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Чоп PDF

Пахтакорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дурнамои истеҳсоли пахтаро пурра иҷро намуданд. Дар ин бора аз Идораи кишоварзии ноҳия иттилоъ доданд.

Соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишти пахта бештар гардида, ба 7211 гектар расонида шудааст, ки нисбати як соли пеш 1491 гектар зиёд мебошад. Аз ҳисоби зиёд шудани майдони кишт дурнамои истеҳсолӣ 12 ҳазору 400 тонна муайян шудааст

Хоҷагиҳои пахтакори ноҳия то ба санаи 18 октябр 12714 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 102,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ