Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Оғози корҳои таъмирӣ дар пойгоҳҳои обкашӣ

E-mail Чоп PDF

Гирифтани ҳосили баланд аз заминҳои пахта ва дигар зироатҳо дар баробари риояи корҳои агротехникӣ-ин аз таъмини доимии хоҷагиҳо бо оби полезӣ мебошад.

Бо ин мақсад мутахассисони Идораи беҳдошти замин ва обери ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз оғози моҳи октябр интиқолӣ обӣ полезӣ ба хоҷагиҳоро қатъ намуда, корҳои таъмирӣ дар пойгоҳҳои обкашро оғоз намудаанд.

Дар ноҳия 35 адад пойгоҳҳо ва 129 дастгоҳҳои обкашӣ мавҷуд мебошанд, ки тариқи пойгоҳҳои Ҳоҷабоқирғон 1-2-3 бо се бардошт 21 ҳазору 200 гектар заминҳои ҳудуди ноҳия обёрӣ мегардад. Пойгоҳҳои обкашии мавҷуда иқтидори дар  як сония интиқоли то 50 куб обро доро мебошанд. Имсол пойгоҳҳои обкашӣ дар ҳамин сатҳ фаъолият намуда, ҳоҷагиҳоро бо оби полезӣ таъмин намуданд.

Бо супориши Раиси ноҳия Зариф Назирӣ кормандони беҳдошти замин ва оберӣ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифтаанд, ки 105 адад дастгоҳҳои обкаширо аз таъмир бароварда ба мавсими нав омода намоянд.

Таъмири дастгоҳу таҷҳизоти ин пойгоҳҳо дар корхонаи таъмири таҷҳизоти теҳникӣ анҷом дода мешавад.

Соли равон идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 20 Асотсиасияи истифодабарандагони об, 12 муштариёни асосӣ ба маблағи 4,1 млн сомонӣ хизмат расонида, то имруз 2,5 млн сомонӣ ҳаққи истифодаи об аз ҷониби истифодабарандагон пардохт карда шудааст.

Аз ҳисоби пардохти ҳакқи истифодаи об дар марҳилаи аввал 650 ҳазор сомонӣ барои таъмири дастгоҳу таҷҳизот ва харидории қисмҳои эҳтиётии пойгоҳҳои обкашӣ ҷудо карда шудааст.

Имрўзҳо 450 нафар кормандону мутахассисони идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кўшиш бар он доранд, ки корҳои таъмириро саривақт анҷом дода, ба мавсими соли 2018 омода гарданд.

 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ