Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Мулоқот бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паём

E-mail Чоп PDF

   Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 22 декабри соли 2017 ироа гардидааст, силсислаи мулоқотҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолӣ оғоз гардид.

 

 8 январи соли ҷорӣ чунин вохӯрӣ дар ҷамоати деҳоти Исфисор таҳти раёсати муовини Раиси ноҳия М.Комилӣ баргузор гардид. Дар мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ , Ахмедов Абдуҷаббор Ҷаллович, ки ҳарду аз ҳавзаҳои интихоботии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вакил интихоб шудаанд, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло ва Ҷумъахон Давлатзода – директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар мулоқот вакилони порлумони кишвар роҷеъ ба муҳимтарин бахшҳои Паём ибрози назар намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, мардуми шарарафманди кишвар тибқи анъана ҳар сол мунтазир мешаванд, ки Пешвои миллат дар поёни сол барои соли минбаъда чӣ тарҳҳои наверо пешниҳод мекунанд. Мардуми гшарифи Тоҷикистон паёмро ҳамчун барномаи комили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар, рушду нумуи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, камолоти фарҳангу тамаддуни кишвар эътироф карда, онро чун тарҳи шоистаи муносибат бо олами хориҷ ва бархӯрд бо чолишҳои минтақавию ҷаҳонӣ арзёбӣ мекунанд.

Аз ҷумла, Ҷумъахон Давлатзода зикр кард, ки дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат ба сиёсати ҳуқуқӣ ва аҳамияти падидаҳои давлати ҳуқуқбунёд барои пешрафти ҷомеа аҳамияти махсус зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки «Ҷумҳурии мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намуда­аст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд».

Мавсуф қайд кард, ки ҳоло дар Тоҷикистон дар заминаи меъёрҳои Конститутсия сиёсати ҳуқуқии давлат, дар ҳолати рушду такомул қарор дорад, бинобар таҳкими парламентаризми миллӣ муҳимтарин қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд ва дар онҳо арзишҳои эътирофнамудаи санадҳои байналмилалии универсалӣ инъикоси худро пайдо намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ахмедов дар суханронии хеш гуфт, ки дар Паёми Пешвои миллат нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар ироа гардиданд.

“ Аз ҷумла зикр шуд, ки дар соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт. Рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ беш аз 6, савдои чакана 6,6 ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 фоиз нигоҳ дошта шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, иҷро шуда, ҳаҷми буҷети соли 2018 ба маблағи 21,3 миллиард сомонӣ ва назар ба соли 2017-ум 7,3 фоиз зиёд муайян гардид”, - таъкид дошт А.Ахмедов.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин паҳлуҳои дигари Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Хотиррасон мекунем, ки вохӯриҳо бо интихобкунандагон оид ба шарҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 то 17 январи соли ҷорӣ идома меёбанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Ҷустуҷӯ