Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Иштироки Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Чоп PDF
There are no translations available.

 Рӯзи якшанбе, 11 феврал, иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва ҳашарҳои дастҷамъӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар маросими ниҳолшинонии сокинон иштирок намуд.

Аз ҷумла,  Роҳбари вилоят  дар маъракаи ниҳолшинонии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматов иштирок намуда, зимни суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки халқи тоҷик аз азал мардуми созандаву бунёдкор аст ва маъмулан пас аз ҷашни Сада чунин амалҳои наҷибро, аз қабили ниҳолшинониву тоза нигоҳ доштани муҳити зист ба иҷро мерасонад.


Худи ҳамон рӯз бо ширкати иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят дар шоҳроҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати номбурда  то гардиши муассисаи “Боғи миллии Ваҳдат” наздик 1000  бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро вазифадор намуд, ки дар доираи корҳои ободонӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров гулҳои садбарг шинонанд ва ба ободонии он аҳмияти бештар дода шавад. Тавсия дода шуд, ки аз ин ба баъд чунин ҳашарҳои дастаҷамъӣ мунтазам роҳандозӣ гардида, тамоми гушаҳои ноҳия ба ободонӣ фаро гирифта шаванд.


                                                                                         








                                                                                           Хадамоти матбуоти

                                                                     Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


 

Ҷустуҷӯ