Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Таҷлили Рӯзи оила дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

E-mail Чоп PDF

 

Имруз, дар маркази истироҳативу фароғатии “Тоҷи Заррин”-и ҷамоати Хистеварз бо иштироки  9-ҷуфт оилаҳои барӯманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  рӯзи байналмилалии оила таҷлил гардид.


Дар чорабинии мазкур  муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Малоҳат Бобозода баромад намуда аҳли нишастро бо ин рӯзи муқаддас табрику таҳният намуданд.

Ҳунармандон маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузоштан, ҳамзамон барои болидарӯҳии аҳли нишаст  консерти идона  баргузор намуданд.

Дар охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Ҷустуҷӯ