Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Бетарафӣ - бемасъулиятист!

E-mail Чоп PDF

Асри XXI агарчи даврони рушди илму техника ва технологияи ҷадид ном бароварда бошад ҳам, лек дар қатори ин пешравиҳои инноватсионӣ боз муаммоҳои наве ба миёномад, ки аксари коршиносону созмонҳои байналмилалӣ онро ба муаммоҳои глобалӣ, яъне ҷаҳонӣ ҳамроҳ намудаанд. Дар қатори муаммоҳои энергетикӣ, демографӣ, тозагии табиат, сарватҳои табиӣ, камбизоатӣ, боз як муаммои дигаре аз худ дарак дод. Ин ҳам бошад, ташкилу густариши ҳизбу ҳаракатҳои экстремитстиву  террористӣ, ки рӯз ба рӯз ва сол ба сол ба амнияти кулли сайёраи замин таъсири манфури худро расонида истодааст, ба ҳисоб меравад.


Ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ ва амалиётҳои террористиву экстремистӣ, ҳамчун як хатари бузурги минтақа ва ҷаҳонгардида, дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ ба амнияту оромии ҳар як ҷомеа таъсири бади худро расонида, тундбодии афротгароёнаи ингуна гурӯҳҳо олами Ғарбу Шарқ ва ҳамолами мусалмонону аҳли насрониёнро иҳота кард. Далели равшани онро мо ба ингуна гурӯҳҳои ба ном исломиву мазҳабӣ гаравидани инсонҳоро мушоҳида менамоем, ки бисёр ҳолату раванди истиробангез аст.

Дар ин марҳала диққати шабакаҳои ифротиро пеш аз ҳама қисми осебпазирӣ ҷомеа ба худ ҷалб менамояд, ки дар сафи пеши он, қишри ояндадор ва пурқуввати ҷомеа, ҷавонон мебошанд. Баъзе аз ҷавонон иноогоҳу кутоҳсанҷ ба суханхои афроди ифротӣ мислимях об шуда, ба коми аждарии онҳо дохил мешаванд ва худро дар ин қӯраи оҳанин халок мегардонанд.

Ба назари ин гуна фиребхӯрдагон, онҳо дар роҳи ҳақанду боқӣ ҳама дар роҳибад, лек онҳо чизи аз ҳама муҳимро ба ҳисоб намегиранд, ки на онҳо дар роҳиҳақ, балки дар роҳи ботил буда, ҳамчун ғуломони ҳалқ абаргӯши аҳримансифатон қарор дошта, дунёву охирати худро месӯзонанд. Тааҷҷубовараш он аст, ки ин раҳгумзадагон ба идеяҳои шабакаҳои иртиҷоӣ пурра сарфаҳм нарафта, фирефтаи ақидаҳои ифротӣ зери ниқоби дин қарордошта, ҷавонии худро баҳри амалӣ намудани мақсади ғаразноки гурӯҳҳои иртиҷоӣ қурбон менамоянд, ки на аз нигоҳи дину мазҳаб ва на аз нигоҳи одаму одамгарӣ амали онҳо қобили қабулнест.

Аксари соҳибназарон омилҳои ба сафи ингуна гурӯҳҳои ифротӣ шомил гардидани ҷавононро ба шаклҳои зерин ҷудо менамоянд:

• сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ;

•            надоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ;

• холигии идеологӣ;

• аз ҷиҳати моддиву молиявӣ танқисӣ кашидан;

• пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;

• ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавию мактабӣ;

•  дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;

• фаъолияти динии мубаллиғони (эмиссерони) хориҷӣ ва ғайраҳо мисол шуда метавонад.

Баҳри пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва густариши фаъолияти онҳо, пеш аз ҳама мақоми бетарафиро дар ҷомеа аз байн бардоштан лозим аст. Маҳз бетарфии мо боиси бадбахтии афроди ғафлатзада баҳисоб меравад. Бояд волидайн, устодону омӯзгорон дар ҳалли масъалаҳои актуалии даврон ҷидду ҷаҳд намоянд ва нагузоранд, ки насли ҷавонон, махсусан наврасон аз таълиму тарбия дур бошанд. Аз ин рў, ҳар яки мо бояд масъулият шинос ва барои саодати ватани хеш ҳиссагузор бошем!

 

Қурбонов Ҳ.Ш.

 

Раиси ноҳия

НАЗИРӢ ЗАРИФ

Ҳафтаномаи "Хуҷанд"


Ҷустуҷӯ