Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Вохӯрии раиси ноҳия бо соҳибкорон

E-mail Чоп PDF

 

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имруз, санаи 5 июн дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрии раиси ноҳия Зариф Назирӣ бо соҳибкорон доир гардид.


Дар ин ворхурӣ Директори Муассисаи Давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Усмониён Фирдавс иштирок намуданд.

Мақсади асосӣ ин пеш аз ҳама дастгирии соҳибкорӣ ва мусоидат ҷиҳати пешрафти фаъолияти соҳибкорон дар ноҳия мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки мувофиқи маълумоти нозироти андоз дар ноҳия айни ҳол шумораи соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият мебаранд зиёда аз 4500 нафар ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздик 400 нафар зиёд мебошад.

Шумораи соҳибкорони бо шаҳодатнома фаъолият баранда бошад дар ин давра 1557 нафар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 нафар зиёд гардиданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Ҷустуҷӯ