11 январи соли 2019 дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2018 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовинони Раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳо, муассисаву корхонаҳо ва дигар сохторҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.

Муфассал...

Дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 12 майи соли равон бо намояндагони аҳли ҷамоатчигии кишвар баргузор гардид, тибқи дастуру супориши  Раиси ноҳия Зариф Назирӣ  санаи 24 май дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки  беш аз 300 нафар фаъолзанони  ноҳия мулоқот баргузор гардид.

Муфассал...

Субҳи имрӯз 25 май дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси ноҳия Зариф Назирӣ  рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он 24 нафар шаҳрвандон бо муаммоҳои гуногуни худ ба Раиси ноҳия  муроҷиат намуданд.

Муфассал...

Шоми 22 май дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо иштироки васеи ҷавонон, гирандагони стипендияи Раиси ноҳия, сокинон  ва кормандони идораву ташкилотҳои гуногуни ноҳия  ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд, ки дар он Раиси ноҳия Зариф Назирӣ ва сардори раёсати асноди ҳолати шаҳрванди дар вилояти Суғд М.Ҳошимзода  ширкат варзиданд.

Муфассал...