Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

УМРИ ДУБОРАИ КАНАЛҲО ё ба асли худ баргардонидани се иншооти муҳими обёрӣ

E-mail Чоп PDF

Солҳои шўравӣ ва ибтидои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон каналҳои Унҷӣ 1 ва 2, инчунин қисмати охирини Канали калони Фарғона, ки таҳти шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров гузашта, ба самти деҳаи Ғозиён мерафт, доимо пуроб ва ба туфайли онҳо чӣ қадар пахтазору дигар заминҳои обчакорӣ, боғу токзорҳо ва заминҳои наздиҳавлигии сокинони чандин деҳаҳои ҷамоати деҳоти Унҷӣ,Ҳайдар Усмонов ва Ғозиён сарсабзу хуррам буданду деҳқонони ин минтақа ҳар сол бо рўёнидани ҳосили фаровони зироатҳои хоҷагии қишлоқ, меваҳои шаҳдбор на фақат дар ҷумҳурӣ, балки дар тамоми Иттифоқи Шўравию ҳатто берун аз он маълуму машҳур гардида буданд.


Бо гузашти солҳо дар натиҷаи фарсуда шуда аз кор мондани муҳар-рикҳои аз дарёи Сир обкашии каналҳои Унҷӣ 1 ва 2, алалхусус ба миқдори зиёд кофта шудани чоҳҳои артезианӣ дар саргаҳи киштзорҳою деҳаҳо ин шабакаҳои маъмулии обёрии бетонпўш,  ба ҷўйборҳои поёнобфаро табдил ёфта буданд.


Боиси хушнудист, ки ин се иншооти муҳими обёрии маҳаллӣ дар баробари рушди минтақаҳо бобати ба ҳолати аслӣ баргардонидани онҳо тадбирҳои судманд андешида шуд, ки боиси дастгирӣ ва сарфарозӣ маҳсуб меёбад.

Чанде пеш бо дастуру ҳидоятҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва дастгирии Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ баҳри дар амал татбиқ намудан ва ба асли хеш баргардонидани ин се иншооти муҳими обёрии маҳаллӣ корҳо оғоз гардиданд. Сараввал каналҳои Унҷӣ 1 ва 2 тибқи қарорҳои дахлдор аз тавозуни хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев бароварда, ба ихтиёри Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вогузор гардиданд. Сипас аз ҷониби ин идора ва мутахассисони он ба воситаи техникаи замонавӣ ҳар се канал аз лойқаю партов ва алафҳои чандинсола тоза карда шуданд.

Ҳамзамон дар ин иқдоми наҷибона сокинони Ҷамоати деҳоти Унҷию Ҳайдар Усмонов саҳм гирифта, аз санаҳои 20 то 25 июл ба ҳашари умумии каналкобӣ баромаданд. Дар ин рўзҳо мардум муташаккилона ба ҳашар баромада, баъди бо техника кофта шудани каналҳо иншооти мазкури обёриро дастаҷамъона аз алафу лойқаҳои боқимонда тоза  ва ду тарафи соҳили онҳоро ба тартиб дароварданд.

Имрўз бо ифтихор метавон гуфт, ки фарзандони аксар падару бобоёни мо дар ибтидои қарни ХХ дар кофтани Канали калони Фарғона, ки шабакаи ҳаётан муҳими обёрӣ ҳисобида мешуд, садоқатмандона кор карда буданд, дар рўзҳои мо низ бо рўҳияи болида, шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ин анъанаи пуршарафи гузаштагони машҳуру сарбаланди худро идома дода, баҳри боз ҳам сарсабзу хуррам ва обод гардонидани як гўшаи диёри азизамон ва ҳосилхез гардонидани замину боғот саҳми арзанда гузошта истодаанд, ки шоистаи таҳсин аст.

 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ