Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Маорифи ноҳия

E-mail Чоп PDF

Дар ноҳия 119 адад муассисаи соҳаи маориф фаъолият мебаранд. Аз ин миқдор 87 адад мактаби таҳсилоти миёна, 8 адад мактаби таҳсилоти асосӣ, 73 адад мактабҳои миёнаи умумӣ, 3 адад мактабҳои хусусӣ, 17 адад муассисаҳои давлатии томактабӣ, 2 адад муассисаҳои томактабии хусусӣ, 4 адад кӯдакистонҳои тобеъи ташкилотҳои дигар, 6 адад муассисаи таҳсилоти иловагӣ амал менамояд.  Инчунин дар ноҳия зиёдшавии фаъолияти мактабҳои типпи нав ба монанди мактаби хусусии гимназияи “Нур”, мактаби хусусии “АМИД”, гимназияҳои “Сафина” ва “Нури ирфон” ба назар расида, теъдоди хонандагони ин гуна мактабҳо зиёд шуда истодааст.  Дар муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳия 3157 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки онҳо ба 72 намуди маҳфилҳо ҷалб карда шуда, 118 нафар омӯзгорон ба таҳсилоти беруназмактабии хонандагон машғул мебошанд. Дар баробари он дар соҳаи маорифи ноҳия Муассисаи таълимии давлатии литсейи касбӣ-техникии №75, Маркази таълими истеҳсолӣ, чор гимназияҳои хусусӣ, 2 гимназияҳои давлатӣ ва як адад мактаб-парваришгоҳи ношунавоён фаъолият мебаранд. Ноҳия яке аз ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, миқдори умумии омӯзгорони мактабҳои ноҳия 3932 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи умумии хонандагон бошад 59557 нафар мебошад. Дар асоси “Барномаи компутеркунонии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010” муассисаҳои таълимии ноҳия бо 1581 адад компутерҳо таъмин карда шуданд, ки ин нишондод дар вилоят яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб меравад. Инчунин дар ноҳия як адад омӯзишгоҳи касбӣ техникӣ фаъолият дорад.Аз моҳи октябри соли 2010 дар заминаи мактаби №5-и ҷамоати деҳоти Қистақӯз шӯъбачаи Шӯъбаи тайёрӣ ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намудааст.  Дар соли 2010 омўзгори фанни физикаи гимназияи «Нур» Зарифов Муҳаммадчон ва дар соли 2012 омўзгори фанни забони русии мактаби № 33 Кириенко С.П гирандагони чоизаи Президенти Чумҳурии Точикистон дар соҳаи маориф гаштанд. Инчунин дар соли 2012 - 37 нафар хонандагон дар олимпиадаҳо чойҳои аввалро соҳиб гаштанд ва дар мачмўъ дастаи олимпикии хонандагони ноҳия мувофиқи вилоят баъд аз шаҳри Хучанд чойи дуюмро ишғол намуд. 22 нафар толибилмони макотиби ноҳия дар сессияи чумҳуриявии Академияи хурди илмҳо иштирок ва ҳамаи онҳо ғолиб дониста шуданд. Айни ҳол 7 нафар толибилмони аълохони ноҳия гирандагони Идрори Президентӣ ва 30 нафар гирандагони идрори Раиси ноҳия мебошанд.

 

Мо дар Facebook

Ҷустуҷӯ